Қисмати 820 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 93 -101

93

 

فَرَاغَ عَلَیْهِمْ ضَرْبًا بِالْیَمِینِ

Пас "Ба сӯйи бутҳо рафт ва" бо дасти рост зарбаи муҳкам бар онҳо фуруд овард.

 

94

 

فَأَقْبَلُوا إِلَیْهِ یَزِفُّونَ

Мардум шитобон ба сӯйи ӯ рӯй оварданд.

                                                   

95

 

قَالَ أَتَعْبُدُونَ مَا تَنْحِتُونَ

 

"Иброҳим" гуфт:оё ончиро "Бо дасти худ" метарошед, мепарастед?

 

96

 

وَاللَّـهُ خَلَقَکُمْ وَمَا تَعْمَلُونَ

 

Дар ҳоле, ки Худованд, шумо ва ончиро месозед, офаридааст.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки ҳазрати Иброҳим (а) мунтазири фурсат буд то бутпарастонро аз хоби ғафат бедор кунад, ӯ кушиш дошт ба онҳо бифаҳмонад коре аз бутҳо барнамеояд ва ин мавҷудоти беҷон таъсире дар сарнавиши онҳо надоранд.

Лизо дар  мавсими иде, ки мардум аз шаҳр хориҷ шуданд, ба баҳонаи беморӣ дар шаҳр монд, ӯ дар як фурсати муносиб, табаре дар даст гирифт, ба бутхонаи шаҳр рафт ва ҳамаи бутҳо ҷуз бути бузургро дар ҳам шикаст ва хурд кард.

Вақте бутпарастон баргаштанд, боманзараи аҷиб ва боварнакарданӣ рӯ ба рӯ шуданд, худоёни кучак ва бузурги онҳо, хурд шуда ва дар зери даст ва по қарор гирифта буд.

Бо собиқае, ки аз Иброҳим (а) дар бадгуйи ба бутҳо ва бутпарастӣ суроғ доштанд ва ботаваҷҷуҳ ба ин,ки ӯ ҳамроҳи онон аз шаҳр хориҷ нашуда буд, яқин пайдо карданд, ки шикаста шудани бутҳо кори ӯст, лизо бо асабоният ва ғазаб ба сӯйи ӯ рафтанд ва ӯро муохаза карданд.

Аммо Иброҳим (а) бидуни кучактарин воҳима аз хашм ва ғазаби бутпарастон, бо далоили равшан ва мантиқӣ, гуфтаҳо ва идаъоҳои ононро посух дод, ӯ гуфт: кадом одами оқиле, ончиро худаш месозад, мепарастад? Агар маснуъ метавонад маъбуд бошад, пас сонеи он низ ба тариқи  авло метавонад маъбуд бошад, лизо ба ҷойи парастиши бутҳо, биёед Худои ягонаи оламро бипарастед, ки ин бутҳо низ махлуқи Ӯ ҳастанд, ҳамонтавр, ки шумо махлуқи Ӯ ҳастед.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Барои аз байн бурдани авомили инҳироф, бояд барномарезӣ дуруст дошт ва дар фурсати муносиб зарбаро ворид сохт.

 

2 – Паёмбарон дар роҳи мубориза бо ширк ва решакан кардани авомили инҳироф, илова бар тазаккур ва ҳушдор ва огоҳӣ додан, ҳар вақт, ки маслиҳат медонистанд, даст ба иқдоми амале мезаданд "Ҳамон коре, ки Иброҳим (а) бо бутҳо кард"

 

3 – Сохтаҳои дасти инсон, чӣ сода ва чӣ пешрафта, дар ҳақиқат офаридаи Худост, зеро маншаи ҳамаи ибъодот, ихтироот ва иктишофоти башар, ақл ва итеъдоде аст, ки Худованд ба ӯ муваҳид кардааст.

 

97

 

قَالُوا ابْنُوا لَهُ بُنْیَانًا فَأَلْقُوهُ فِی الْجَحِیمِ

 

Гуфт: барои ӯ бинои баланд бисозед ва ӯро дар ҷаҳаннам аз оташ бияфканед.

 

98                         

 

فَأَرَادُوا بِهِ کَیْدًا فَجَعَلْنَاهُمُ الْأَسْفَلِینَ

 

Пас хостанд ба ӯ найранге зананд, вале мо ононро паст ва мағлуб сохтем.

 

Мушрикон ба ҷойи таваҷҷуҳ ба суханони мантиқӣ ва мустадили ҳазрати Иброҳим (а) ва пазириши он, дар садад баромаданд, ки ӯро аз байн бибиранд то дарси ибрате барои дигарон бошад, лизо курати баланд ва муртафее сохтанд, дохили онро пур аз чуб ва ҳезум карданд ва оташи бузург барафрухтанд.

Онгоҳ Иброҳим (а) – ро ба даруни оташ афканданд то ба гумони худ, кори ӯро яксара кунанд, аммо ба хости Худованд оташ бар Иброҳим (а) гулистон шуд ва ба ҷойи ин,ки ӯро бисузонанд, бар ӯ сард ва саломат гардид, Иброҳим (а) дар миёни тааҷуби мушрикон, ба саломат аз миёни шуълаҳои оташ берун омад ва бедуни тардид, нақша ва тавтиаи душманони ӯ нақш бар об шуд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Куфр ва ширк, бепоя аст ва аз мантиқ ва истидлоли дурусте бархурдор нест, ба ҳамин далил, мушрикон барои муқобила бо тавҳид, ба зур мутавасил мешаванд.

 

2 – Мардони илоҳӣ дар роҳи анҷоми маъмурияти худ ва барчидани басоти зулм ва куфр, ҳаргуна хатареро ба ҷон мехаранд ва аз сухтан дар оташ низ боке надоранд.

 

3 – Иродаи Худованд, бар қавонини табиат ҳоким аст, лизо ҳар вақт ирода кунад, асари авомил ва падидаҳои табииро таъғир медиҳад, чунон, ки дар моҷарои Иброҳим (а), сузандагиро аз оташ гирифт.

 

99

 

وَقَالَ إِنِّی ذَاهِبٌ إِلَى رَبِّی سَیَهْدِینِ

"Иброҳим аз ин маҳлака берун омад" ва гуфт: ман ба сӯйи Парвардигорам раҳсипорм, Ӯ ба зуди маро роҳнамои хоҳад кард.

 

100

رَبِّ هَبْ لِی مِنَ الصَّالِحِینَ

Парвардигоро! "Фарзанде" аз солиҳон ба ман ато фармо.

 

101

فَبَشَّرْنَاهُ بِغُلَامٍ حَلِیمٍ

 

Пас мо ӯро ба писари бурдбор мужда додем.

 

Пас аз он,ки ҳазрати Иброҳим (а) аз тавтиае, ки барои ӯ тадорук дида буданд, ҷони солим бадар бурд, рисолати худро дар сарзамини Бобил поён ёфта дид, лизо тасмим гирифт ба сӯйи шом ҳиҷрат кунад, зеро дар тули таърих, ин минтақа, сарзамини паёмбарон ва авлиёи поки Худо будааст, Иброҳим (а) аз Худо хост, ки ӯро дар анҷоми вазифааш роҳнамои кунад.

Ҳамҷунин аз Худованд тақозо намуд, ки фарзанде аз некон ва солиҳ ба ӯ ато фармояд то рисолат ва роҳ ва равиши ӯро дунбол кунад, фарзанде, ки аз ҳамаи ҷиҳот солеҳ ва шоиста бошад.

Худованд низ дуои ӯро мустаҷоб фармуд ва фарзандоне чун Исмоил (а) ва Исҳоқ (а) ба ӯ ато кард, ки ҳар ду аз инсонҳои пок ва соллеҳ буданд ва ба мақоми волои набуват даст ёфтанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Мардони илоҳӣ ба сӯйи Худо роҳ месупоранд ва мақсади онон дар ҳар кор ва ҳаракате Худост, онҳо аз Худо мехоҳанд, ки ононро дар тули масир, ҳидоят кунад ва бо таваккул бар Худо роҳро меёбанд.

 

2 – Агар дар роҳи Худо гом бардорем, бояд ба лутф ва роҳнамоӣ ва роҳкушоии ӯ итминон дошта бошем.

3 – Дуо барои доштани фарзанди солеҳ, аз дуоҳои паёмбарон будааст, ин худ, нишондиҳандаи аҳмияти насли пок ва шоиста ва дурусткор ва таъсири фаровони он бар покӣ ва саломати ҷомеа аст.

 

Сентябр 12, 2018 10:31 Asia/Dushanbe
Назарҳо