Декабр 27, 2018 19:42 Asia/Dushanbe

Бисту дуввумин барги дафтари “Навои ҳамзабонӣ” низ ба мурури оҳангҳое ихтисос дорад, ки шеъри он аз Боботоҳири Ҳамадонӣ аст.

Дар ин барнома нахуст оҳанги “бист ҳазор орзӯ”, бо садои Муҳсини Човушӣ ба муносибати айёми милоди Паёмбари Акрам (с) тақдими Шумо шунавандагони гиромӣ шудааст. Се оҳанг баъдӣ мутобиқи раволи чанд барномаи ахир бо ашъори Боботоҳири Ҳамадонӣ ҳамроҳ аст, ки нахустини он, оҳанги “Маҳрами роз” бо садои хонандаи афғонистонӣ, Ҳодии Розизода аст. Оҳанги дуввум, “Нозанин” ном дорад, ки Алирзо Ифтихорӣ онро иҷро карда ва сеюмин қитъаи мусиқӣ ҳам “Интизор”, бо иҷрои Ҳасани Муин аст.

 

Назарҳо