Март 16, 2019 09:24 Asia/Dushanbe

Қисмати 838 сураи муборакаи " Сод ", ояти 44-48

44

 

وَخُذْ بِیَدِکَ ضِغْثًا فَاضْرِب بِّهِ وَلَا تَحْنَثْ إِنَّا وَجَدْنَاهُ صَابِرًا  نِّعْمَ الْعَبْدُ إِنَّهُ أَوَّابٌ

 

"Ба Аюб гуфтем:" дастае аз шохаҳои нозуки гиёҳ ба дасти худ бигир ва бо он бизан "То бадани ҳамсарат озурда нашавад" ва савгандро машкан. Мо Аюбро собир ёфтем, чӣ неку бандае, ба ростӣ ӯ бисёр бозгашкунанда "Ба даргоҳи Мо" буд.

 

Дар оятҳои қабл дар бораи ҳазрати Аюб (а) гуфтем, ки Худованд ӯро бо бемории сахт дар бадан ва аз даст додани амвол ва авлод озмӯд ва дар ин сахтиҳо ӯ ҳамвора собир ва шукургузор буд, чунон, ки дар ривоёт омадааст: ҳамсари ҳазрати Аюб (а) дар тамоми даврони бемории ӯ, вайро танҳо нагузошт ва ҳамвора дар канори ӯ буд. Аммо як рӯз, ки аз парастории ҳамсари бемораш хаста шуда буд, гирифтори васвасаи шайтон шуд, ва сухане гуфт, ки гуё Худованд Аюбро фаромӯш кардааст ва ӯ барои наҷоти худ аз сахтиҳо ва мушкилот бояд ба суроғи ғайри Худо биравад, ҳазрати Аюб (а) аз ин сухан бисёр барошуфт ва савганд ёд кард, ки ҳаргоҳ аз бистаре бархезад, ҳамсарашро танбеҳи баданӣ кунад.

Аммо ҳангоме, ки Аюб (а) бо лутф ва инояти илоҳӣ аз он бемории тоқати фарсо наҷот ёфт, тасмим гирифт, ки ба хотири фидокорӣ ва ҳамроҳии ҳамсараш дар тули даврони сахтӣ ва беморӣ, аз муҷозоти ӯ сарфи назар карда ва вайро танбеҳ накунад.

Ин оят мефармояд: Худованд ба Аюб (а) фармӯд: чун савганд ёд кардаи, савганди худро машкан, то ҳурмати номи Худо дар савганд хурдан ҳифз шавад, аммо чун ӯ мустаҳиқ афв аст, як даста хушаи гандум ва имсоли онро ба даст гир ва бар бадани ҳамсарат "Ба ороми" бизан то ҳам савгандро ҳифз кардабошӣ ва ҳам ӯ дар асари ин задан, ранҷ ва осебе набинад.

 

Аз ин оят меомхзем:

 

1 – Ҳамон тавр, ки дар қиёмат, Худованд ба хотири корҳои хуби инсон, аз кайфари бадиҳои ӯ мекоҳад, дар мавриди дунё низ супориш мекунад, ки ба хотири корҳои неки инсонҳои некукор, дар муҷозоти онҳо тахфиф қоил шавед.

 

2 – Номи Худованд ҳурмат дорад, лизо савганд ба номи Худо набояд шикаста шавад.

 

3 – Хешованд ва наздик будан бо паёмбар, монеи амал ба қонун нест.

 

45

 

وَاذْکُرْ عِبَادَنَا إِبْرَاهِیمَ وَإِسْحَاقَ وَیَعْقُوبَ أُولِی الْأَیْدِی وَالْأَبْصَارِ

Ва бандагони мо Иброҳим ва Исмоил ва Яъқубро ёд кун, ки дорои қудрат ва басират буданд.

 

46

 

إِنَّا أَخْلَصْنَاهُم بِخَالِصَةٍ ذِکْرَى الدَّارِ

 

Мо ононро бо хулуси вижае, ки ёдовари сарои охират буд, холис кардем.

 

47

 

وَإِنَّهُمْ عِندَنَا لَمِنَ الْمُصْطَفَیْنَ الْأَخْیَارِ

 

Ба яқин, онон дар назди мо аз баргузидагон ва неконанд.

 

48

 

وَاذْکُرْ إِسْمَاعِیلَ وَالْیَسَعَ وَذَا الْکِفْلِ وَکُلٌّ مِّنَ الْأَخْیَارِ

 

Ва Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз неконанд.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ки саргузашти паёмбарони пешинро баён кард, ин оятҳо ба таври иҷмол дар бораи шаш тан аз паёмбарони илоҳӣ мефармояд: онҳо бандагони поки Худо буданд ва Худованд низ онҳоро аз ҳаргуна гуноҳ ва олудагии ботинӣ пок кард ва ба болотарин дараҷаи хулус расонд. Аввалин вижагии паёмбарон, ки дар ин оятҳо ба он ишора шуда аст, абд ва бандагии Худо будан аст, яъне паёмбарон, дар асари убудият ва бандагӣ ба ин мақом расидаанд, онҳо на фақат дар ибодат ва парастиши Худо, балки дар ҳамаи умури зиндагӣ, ба таври воқеӣ таслими фармони Худо будаанд, бар хилофи инсонҳои одӣ, ки дар тули зиндагӣ маъмулан ба дунболи хостаҳо ва таманниёти худ ҳастанд ва агар ҳам кори бархилофи хостаашон анҷом диаҳанд, бо каромат ва нороҳатӣ ҳамроҳ аст, дар ҳоле, ки мардони илоҳӣ, ҳамвора хости Худовандро бар хости худ тарҷиҳ медиҳанд ва бо иштиёқ онро таҳқиқ мебахшанд ва ба он ифтихор ҳам мекунанд.

Табии аст расидан ба ин мақом, ниёз ба талош ва муҷоҳида ва риёзати дарунӣ дорад ва чунин афроде шойистагии дарёфти мақоми рисолатро пайдо мекунанд ва аз некон ва баргузидагон мешавад.

Афзун бар убудият, Худованд паёмбаронро соҳиби илм ва басират низ шумурдааст, қудрати дарк ва биниши қавӣ дар ташхиси вазифа ва баҳрагирӣ аз тавон ва имконоти худ ва пайравон барои пешбурди аҳдофашон, аз дигар вижагиҳои он мардони илоҳӣ аст.

Ин оятҳо бар ёди рӯзи қиёмат ва нақши он дар холис шудани инсон аз ҳаргуна вобастагӣ ва таалуқ ба дунё таъкид мекунад, ҳамчунин дар ин оятҳо ду бор ба ин нукта ишора шудааст, ки паёмбарон аз ахёр ва некон ҳастанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 - Мутолиаи саргузашти ақвом ва паёмбарони пешин ва таҷлил ва некудошти фариштагони илоҳӣ, яке аз шеваҳои Қуръон барои рӯшд ва тарбияти инсонҳост.

 

2 – Сарчашмаи ҳамаи камолоти паёмбарон, убудият аст, лизо абди холис будан дар пешгоҳи Худованд, қабл аз сойири камолоти онҳо зикр шудааст, ба баёни дигар, паёмбарон дар асари убудият ва бандагии Худо ба ин мақоми воло расидаанд.

 

3 – Давраи аз дунёталабӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба охират, заминаи хулуси инсон ва покии ӯ аз олудагиҳои дунявиро фароҳам мекунад ва ба ӯ басират ва равшанбинӣ мебахшад.

 

 

 

 

Назарҳо