• Ойини шаби ялдо дар Эрон – 2

Ойини шаби ялдо дар Эрон....

Устони Қазвин

Мардуми устони Қазвин низ ҳамчун дигар ҳамватанони эронӣ, ин ойини кӯҳанро бо рафтан ба хонаи бузургтарҳо мегузаронанд, ба ақидаи бузӯргтарҳо овардани меваҳои мухталифи хушк ва тар ва меваҳои сурх фом “Сурх ранг” , ки ба “Шаби чила” маъруф аст, ҳамроҳ бо хурокиҳои дигар шугун “Фоли нек” дошта ва зимистони пурбаракатеро навид “Хабар”  медиҳад. Дар баъзе мавқеъҳо, ки модарбузӯргҳо дар овардан танақулот таъхир мекунанд куҷактарҳо шеъри “Ҳарки наёрад шаб чарра “Ҷуст ва ҷолок” – анбораш муш бачара” сармедиҳанд, ки модарбузӯрг дар овардани “Шаби чарра” таъҷил “шитоб кардан”  мекунад.

Дар ин шаб ағлаби мардуми Қазвин бо хурдани сабзипулув бо моҳӣ дудӣ ва сипас ҳендивона, анор, анвои танақулот аз ҷумла кишмиш, чормағз, тухма, оҷили мушкилкушо ва анҷири хушк, шабнишинии худро ба аввалин субҳи зимистонӣ гиреҳ мезананд. Ба ақидаи модарбузӯргҳои қазвинӣ агар дар ин шаб нанаи “Модари” сармо гиря кунад борон меборад, агар пунбаҳои лиҳоф берун бирезад барф меояд ва агар гарданбанди марворидаш пора шавад тагарг “Жола” меояд яки дигар аз одоб ва расмҳои “Шаби ялдо” фиристодани “Хунчаи чила” аз сӯйи домод ба унвони ҳадяи зимистонӣ барои арӯс аст, дар ин хунча барои арӯс порча, ҷавоҳир, калақанд ва ҳафт навъи мева мисли гулоби ҳендивона, харбуза, себ, ба бо тазиноти хосе фиристода мешавад.

Устони форс

Суфраи мардуми Широз мисли суфраи наврӯз рангин аст, муракабот “Таркиб шуда” ва ҳендивона барои сардмизоҷҳо ва хурмо ва рангинак барои гарм мизоҷҳо мавҷуд аст, ҳофизхонӣ ҷузви ҷудонашудаии маросими ин шаб барои шерозиҳост, албатт хондани ҳофиз дар ин шаб на танҳо дар Шероз марсум аст, балки расми куллӣ чилланишинон шудааст.

Устони Ҳамадон

Ҳамадониҳо фоле мегиранд бо номи фоли сӯзан, ҳама давр то даври утоқ менишинанд ва пиразане ба таври паёпай шеър мехонад, духтарбачае пас аз итмоми ҳар шеър бар як порчаи набурида ва об надида сӯзан мезанад ва меҳмонҳо бино ба тартибе. Ки нишастаанд шеърҳои пиразанро фоли худ медонанд, ҳамчунин дар мантақаҳои дигари Ҳамадон танақулоте, ки муносиб бо об ва ҳавои он минтақа аст дар ин шаб хурда мешавад, дар Тависрагон ва Малоир, гирду ва кишмиш ва миз низ хурда мешавад, ки аз маъмултарин хурокиҳои мавҷуд дар ин устонҳост.

Декабр 21, 2017 13:58 Asia/Dushanbe
Назарҳо