• Режими ғизоии муфид барои пешгирӣ аз заволи ақл

Мутахассисон мегӯянд:Ашхосе ки бештар равғани зайтун ё мағзи донаи хушкбор масраф мекунанд дар озмоишҳои марбут ба ҳофиза ва тамаркуз (диққат) , имтиёзоти беҳтар касб мекунанд. Ҳамчунин режими ғизоии саршор аз қорч метавонад бидуни осеб задан ба шакли зоҳирии бадан ба коҳиши вазн кумак кунад.

Пизишкон дар ин мутолиаи 522 марду зани байни синни 55 то 80- солро дар се гуруҳ мавриди мутолиа қарор доранд, ки ин афрод дар маърази хатари ибтило ба бемориҳои қалбӣ, диабети навъи ду ва ё бархе аз омилҳои хатарзо назири фишори  зиёди хун,фарбеҳӣ,холестрин, ва пешинаи хонаводагии ибтило ба бемориҳо ва истеъмоли духониёт(сигарету нос) буданд.

Барои ду гуруҳ аз ин афрод режимҳои ғизоии  дорои равғани зайтун ё омехтае  аз мағзи хушкбор дар назар гирифта шуд дар ҳоле ки барои гуруҳи сеюм танҳо  режими ғизоии  камравған,ки барои беморони қалбӣ ва мубтало ба тангии рагҳои хунгард  тавсия мешавад , пешниҳод шуд.Ба гузориши ИСНА ва ба нақл аз Дейли мейл ин афрод пас аз ҳудуди 6.5 соли таҳти озмоиши аломати коҳиши тавони мағзӣ қарор гирифтанд . Натоиҷи озмоишҳо таъйид кард ки мизони ибтило ба заволи ақл дар миёни афроде ки  режими ғизоии баҳри миёназаминӣ доранд ба маротиб камтар аз афроде аст ки режимҳои ғизоии  камравғанро дунбол мекунанд.

Июн 11, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
Назарҳо