• Осеби ҷиддии мағзи сари инсон бо кобусҳои шабона

Пажуҳишгарон ҳушдор медиҳанд кобусҳо (хобҳои тарснок)и шабона метавонанд хатари ҷиддӣ барои мағзи инсон дошта бошанд ва чунончи афрод дучори мушкили кобусҳои шабона ҳастанд , зарурӣ аст ба пизишки мутахассис муроҷиат кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабар , пизишкон ҳушдор медиҳанд хобҳои бад метавонад сабаби коҳиши неруҳои зеҳнӣ дар афрод шавад.

Ҳамчунин афзун бар хобҳои кобусвор камбуди соъати хоб ва бехобии шабона низ метавонад, то 50 дарсад сабаби коҳиши қудрати зеҳн ва бурузи навъҳои гуногуни мушкилот монанди пирии зудраси мағз дар афрод шавад. Баррасиҳо нишон медиҳанд  камбуди соати хоб ва бехобии тулонимуддат ҳамчунин метавонад сабаби коҳиши ҳофиза ва тамаркуз(диққат) дар афрод шавад. Донишмандон ин натоиҷро бо баррасӣ руи намунаҳои хоби 2 ҳазору 820 нафар бо миёнгини синнии 76 сол ба даст овардаанд. Дар ин пажуҳиш одати хоби ҳар довталаб ба муддати панҷ шаб дар ҳар ҳафта озмоиш шуда аст.

Пизишкон ҳушдор медиҳанд бехобӣ ва ё дидани кобусҳои шабона, ки мунҷар ба бехобӣ дар афрод мешавад, метавонад дар дарозмуддат сабаби гирифтории онҳо ба бемориҳое монанди Паркинсон, фаромушхотирӣ ва ҳатто бемории MS шавад.

Пизишкон эътиқод доранд дар ҳангоми хоби амиқ мағзи сар маводи заҳрогинро аз бадан хориҷ мекунад ва сатҳи маводи кимиёии мавҷуд дар мағзро тасбит мекунад, ки бехобӣ метавонад мунҷар ба эҷоди халал дар ин тахлияи маводи заҳрӣ ва бурузи мушкилоти саломатӣ дар афрод шавад.

Июл 26, 2018 11:56 Asia/Dushanbe
Назарҳо