• Тавсияҳои Имом Ризо (а) барои тақвияти нерӯи фикрӣ

Имом Ризо (а) мефармоянд, касоне ки мехоҳанд аз бемории бавосир ва ранҷи рӯдаҳо ва дарди қисмати пушти бадан дар амон бошанд, ҳар шаб даҳ дона хурмои рандашударо бо равғани гов (равғани зард) бихӯранд.

Эшон ҳамчунин мефармоянд: Касоне ки ба заъфи ҳофиза дучоранд, беҳтар аст ҳамарӯза ҳафт мисқол кишмиши сиёҳ ношто бихӯранд ва низ се тикка занҷабил, ки дар асал хобонда (парваронда) шуда бошад, бо каме хардал, зимни ғизои рӯзонаи худ бихӯранд,ки барои тақвияти нерӯи фикрӣ хуб аст, ҳамарӯза ҳам се дона ҳалиларо бо наботи кӯбида бихӯранд.

 

Июл 26, 2018 12:07 Asia/Dushanbe
Назарҳо