• Омили муҳими эҷоди шураи сар

Омилҳои мухталифе дар эҷоди шураи сар нақш доранд ва танҳо бо як равиш дармон мешавад. Муҳимтарин омили эҷоди шураи сар фаъолияти як навъи бактерия дар бофти чарбии пусти сар аст, ки паҳншавии беш аз ҳадди ин бактерия муҷиби шураи сар мешавад. Ҳамчунин чарбии беш аз ҳадди пусти боиси шураи сар мешавад.

 Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабар , Заҳрои Ҳаллоҷӣ-мутахассиси пусту му бо баёни ин матлаб афзуд : Шураи сар ду навъ аст ки шомили шураи чарб(равғанӣ) ва хушк мешавад. Шураи чарб бо хориши пуст ҳамроҳ аст ва иллати онҳо бактерия аст, ки баъзе вақтҳо қорчҳо ҳам дар эҷоди ин шура таъсиргузоранд. Дар ҳоле ки шураи хушк ба далели зиёд шудани беш аз ҳадди пустаи сар ба вуҷуд меоянд.

Ҳаллоҷӣ таъкид кард: Танҳо роҳи дармони шураи сар истифода аз шомпуи зидди шура аст ва муҷиби контроли шураи сар мешаванд ва агар ба сурати давраӣ ва дармонӣ масраф шаванд, зараре ба дунбол нахоҳад дошт. Вай афзуд: Агар касе аз шураи сар ранҷ мебарад бояд онро дармон кунад, зеро шураи сар метавонад омили резиши муи сар шавад.

Ин мутахассис хотирнишон кард: Истифода аз равишҳои гиёҳии он чунон дар шураи сар таъсиргузор нест ва фақат то ҳадде метавонад хориш ва чарбии сарро контроли кунад, аммо омили аслии тавлидкунандаи шураи сарро аз байн намебаранд.

Август 02, 2018 10:08 Asia/Dushanbe
Назарҳо