• Фастфудҳо барои ҳофиза зиёнборанд

Ба гуфтаи донишмандони австралияӣ масрафи ғизои ҳозирӣ ё тезтаёр таъсири бисёрманфӣ бар тавоноиҳои зеҳнии инсон дорад.

Ин тағироти аҷиб ба хотири таъсири чарбиҳо(равғанҳо)и ишбоънашуда (транс-жиры)и мавҷуд дар фасфудҳо бар мағзи сар рух медиҳад. Ин чарбиҳо муҷиби илтиҳоби бахшҳои масъули ҳофиза дар мағзи сар мешаванд.

Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабар, гуруҳе аз пажуҳишгарон таҳти сарпарастии профессор Маргор Морис таи таҳқиқоти чандмоҳа руи мушҳо дар барномаи ғизоии онҳо фақат  фасфуд гунҷонданд ва ба фосила чанд ҳафта мутаваҷҷеҳи рафтори  аҷиби онҳо шуданд. Ба гуфтаи онҳо мушҳо дар ҷиҳатёбӣ дучори мушкил мешуданд , наметавонистанд ғизои худро пайдо кунанд ва тавони баргаштан ба лонаҳои худро аз даст медоданд.

Донишмандон муътақиданд ин тағироти аҷиб ба хотири таъсири чарбиҳои ишбоънашудаи мавҷуд дар фасфудҳо бар мағзи сар рух дода аст. Ин чарбиҳо муҷиби илтиҳоби бахшҳои  масъули ҳофиза дар мағзи сар мешаванд. Муҳаққиқон ёдовар мешаванд бо вуҷуди ин ки озмоишҳо руи мушҳо анҷомшуда метавон бо итминон гуфт чарбиҳои транс таъсири кушандае бар инсон ҳам доранд.

Барчасп

Август 07, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
Назарҳо