• Чи тавр бифаҳмем афсурдаем?

Нишонаҳои роиҷи афсурдагӣ метавонад идомаи зиндагии солимро номумкин кунад.

Афсурдагӣ нигоҳи фардро ба зиндагӣ дучори хато мекунад ва ҳамаи чизро сомоннопазир ҷилва дода ва эҳсоси танҳоӣ ва бекасиро дар шахс тақвият мекунад.

Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабар солона 14 миллион бузургсоли амрикоӣ (6.7 дарсад аз ҷамъияти болои 18 сол) таҳти таъсири ин ихтилол қарор мегиранд. Аммо хабари хуб ин аст ки ин беморӣ бо тамоми қудрати ҳамагирие, ки дорад комилан дармонпазир аст.

Баъзе аз муҳимтарин нишонаҳои эҳсоси фарде, ки дучор афсурдагӣ аст шомили мавридҳои зер аст

1) Эҳсоси ғам, пучӣ, ноумедӣ ва ё ҳайратзадагӣ:Ин эҳсос тақрибан ҳамеша афроди афсурдаро даргир мекунад.

2) Аз даст додани алоқа ба чизҳое, ки пештар аз онҳо лаззат мебурд: беалоқагӣ ба дустон, аз даст додани майли ҷинсӣ ва ё пардохтан ба саргармиҳое, ки пештар барои фард лаззатбахш будааст.

3) Изтироб ва беқарорӣ мумкин аст фард зудҷуш ва асабӣ шавад ва камтар эҳсоси оромиш дошта бошад.

4) Мушкил дар тасмимгирӣ: Афсурдагӣ боис мешавад ки фард натавонад ба рушанӣ фикр кунад ва ё диққат намояд ва содатарин интихобҳо ба назараш нотавонкунанда бирасад.

5) Эҳсоси гуноҳ ва беарзишӣ:Мумкин аст фард роҷеъ ба масъалаҳое  ки дар мавриди он муқассир(гуноҳкор) нест эҳсоси гуноҳ кунад. Ё роҷеъ ба кучактарин хатое, ки дучор мешавад шадидан эҳсоси гуноҳ кунад.

6) Тафаккуроти марг ва худкушӣ: Тафаккурот дар чунин вазият  бисёр гуногун аст. Баъзе аз ашхос орзу мекунанд, ки кош мурда буданд. Онҳо тасаввур мекунанд, ки умури дунё бидуни онҳо беҳтар сипар мешавад. Баъзе дигар нақшаҳои ошкор барои осеб задан ба худ мекашанд.

Август 21, 2018 14:04 Asia/Dushanbe
Назарҳо