• Равишҳои тиббӣ барои рафъи сиёҳии зери чашм

"Танин" (навъе таркиби кимиёӣ)и мавҷуд дар чой сиёҳ аз баста шудани рагҳои хунӣ мекоҳад .

Ҳамчунин таркибҳои мавҷуд дар чой сабз дорои антиоксид аст ,ки ин ду омил дар коҳиши тирагии зери чашм асаргузор аст.

  Ба гузориши пойгоҳи итилоъи расонаии шабакаи Хабар,  кремҳои гуногуне, ки барои аз байн бурдани тирагии зери чашм вуҷуд доранд,‌ зиёд таъсирбахш нестанд балки ҳатто мумкин аст дорои таркибҳои зарарнок барои пуст бошанд.

 Бархе равишҳои табиӣ барои аз байн бурдани қисмати сиёҳии зери чашмҳо таъсиргузор аст, ки бархе аз ин равишҳои муассир иборат аст аз:

 Хоби муназзам:

 Камбуди хоб далели нахусти тирагии пусти зери чашм аст. Ба ҳамин далел пизишкон ба афрод тавсия мекунанд шабҳо зуд бихобанд ва 30 дақиқа пеш аз хобидан низ тамоми василаҳои электроникиро аз худ дур кунанд.

 Масраф накардани шакар:

 Режими ғизои антиаксидҳо ва коҳиши масрафи шакари фароваришуда аз илтиҳоби бадан мекоҳад ва яке аз асароти коҳиши илтиҳоб дар бадан рафъи ҳалқаи сиёҳи зери чашм аст.

 Машварат бо мутахассисони соҳаи аллергия:

 Аллергия яке аз муҳимтарин омилҳои тирагии зери чашм аст. Замоне ки бадан бо маводи аллергизо мувоҷеҳ мешавад, мултаҳиб мегардад ва чашмҳо аввалин қисмат аз бадан ҳастанд, ки ин илтиҳобро нишон медиҳад.

 Истифода аз айнаки офтобӣ:

 Офтоб муҷиби тазъифи клажени  мавҷуд дар рагҳои хунӣ мешавад ва дар натиҷа рагҳои хунӣ дучори порагӣ мегарданд ва хуни бештаре вориди бофтҳо мешавад ва ин вазъ ба тира шудани пусти зери чашм меанҷомад.

 Масрафи чой:

Танини мавҷуд дар чойи сиёҳ аз баста шудани рагҳои хунӣ мекоҳад. Ҳамчунин таркибҳои мавҷуд дар чойи сабз дорои антиоксид аст ки ин ду  фоктур дар коҳиши тирагии зери чашм муасир аст.

 Истифода аз маскаи ширӣ:

 Яке аз табиитарин равишҳои дармони тирагии пусти зери чашм истифода аз маскаи шерӣ аст.

Мартуб кардан  пуст:

 Истифода аз мартубкунандаҳои мулоим ки дорои равғанҳои табиӣ ва муфид аст метавонад дар мартуб нигаҳдоштани пуст ва ҳифзи саломати он асаргузор бошад.

Барчасп

Август 27, 2018 09:29 Asia/Dushanbe
Назарҳо