Намоишномаи "Ривояти Ғадир" ба муносибати фаро расидани иди саиди Ғадир дар радиои тоҷикӣ таҳия шудааст. Иди Ғадир рӯзи ҳаҷдаҳуми зиҳаҷҷа аст. Бино бар ривоятҳо дар рӯзи ҳаҷдаҳуми зиҳаҷҷаи соли даҳуми ҳиҷрати Паёмбари акрам (с) ба дастури Худо, имом Алӣ (а)-ро ба мақоми хилофат ва имомат мансуб кард. Воқеъаи Ғадир дар сафари ҳаҷҷатул видоъи соли даҳуми ҳиҷрӣ ва дар сарзамини Ғадири хум руй дод.

Август 29, 2018 08:53 Asia/Dushanbe
Назарҳо