• Таъсири телевизиюн бар кудакон

Муҳаққиқон бо мутолиа дар мавриди одати рӯзмарраи беш аз ҳазору ҳашсад кудаки шашмоҳа то тақрибан ҳаштсола дарёфтанд як иртиботи кучак, аммо пайваста байни афзоиши муддати тамошои телевизион ва кутоҳ шудани тули хоб вуҷуд дорад.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии шабакаи Хабар, тибқи натиҷаҳои як мутолиа, ҳар соъат тамошои телевизион ҳафт дақиқа аз хоби кудаконро мекоҳад.

Муҳаққиқони донишгоҳи Гарвард ва пружаи “Вайво”, ки як мутолиаи тулонимуддат дар мавриди занону кудакон аст,  бо такия ба натиҷаҳои як мутолиаи нав ҳушдор доданд кудакон дар ивази ҳар як соат, ки дар рӯз пеши телевизион менишинанд ҳафт дақиқа аз хобашон коста мешавад. Ин мутолиа нишон дод ҳар соат тамошои телевизион бо коҳиши ҳафт дақиқа хоби рӯзона муртабит аст ва ин таъсир дар писарон  шадидтар аз духтарон ба назар мерасад. Ҳамчунин дар кудакони зери ҳаштсола, ки дар утоқи хобашон телевизион доранд эҳтимоли онки аз хоби кофӣ бархурдор бошанд камтар аст ва ин масаъла ба саломатии ҷисмӣ ва руҳии онҳо зиён мерасонад.

Кудакони камсинусоле, ки дар утоқи хобашон телевизион доштаанд , ба таври миёна сӣ дақиқа аз хоби шабонаашон коста мешавад. Ин мутолиа ки натоиҷи он дар нашрияи “Пизишкии атфол” мунташир шуд , аввалин пажӯҳиш дар баррасии робитаи байни телевизион ва муддати хоб таи ҳафт сол буда аст.Ба гуфтаи нависандагони ин гузориш камбуди хоб дар кудакон бо уфти амалкард дар мактаб, афсурдагӣ , садамоти баданӣ ва фарбеҳӣ муртабит аст.Далелҳои фаровоне барои нақши телевизион дар халалдор шудани хоб вуҷуд дорад . Нури сафҳаи телевизиюн метавонад муҳаррики кофӣ барои тағйири чархаи хоб бошад ва шуруи хобро байни навад то саду даҳ дақиқа ба таъхир биандозад .

 Тамошои барномаҳои хашин низ  мумкин аст муҷиби бадхобӣ шавад ва бо эҷоди нигаронӣ ва ташвиш монеъ аз он шавад, ки кудакон дар сурати бедор шудан дар нисфи шаб натавонанд дубора бихобанд.Коршиносон тавсия мекунанд гирандаҳои телевизион дар утоқи хоб қарор дода нашавад.

Сентябр 04, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
Назарҳо