• Эминии баданатонро бо ин модаи хурокӣ тазмин кунед !

Ҷурғот(мост ё ёгурт)и пробиотик яке аз маводи муфиди хурокӣ бо арзиши ғизоӣ ва амалкарди фавқулодаи боло ба далели доштани микрофловҳои бисёр муҳим нақши асосӣ дар аъзои ҳозима ва ҳифзи эминии бадан дорад.

 Ниёзи Муҳаммадзода, мутахассиси соҳаи хурокворӣ гуфт:  Ҷурғот(мост ё ёгурт)и пробиотик , як фароварда(маҳсулоти)и ширӣ аст. Дар воқеъ як ҷурғоти ғанишуда аст ки бо истифода аз он на танҳо метавон аз манфиятҳои ҷурғот баҳра бурд, балки метавон бактерияҳои муфид ва лозими баданро аз ин тариқ таъмин кард.

Ин мутахассис афзуд: Ҷурғоти пробиотик манбаи ғанӣ аз калсий, натрий ва витамини K маҳсуб мешавад ва дорои миқдори зиёде   микрооргансимҳои муфид аст, ки ба таъодули экосистемаи дохилии бадан кумак мекунад. Ин модаи ширӣ дорои теъдоди зиёде аз  аминокислотаҳои зарурӣ барои саломатии инсон аст, ки муҷиби ҷазб ва захираи калсий ва магни мешавад ва дар ниҳоят ба тақвияти системаи асабӣ мунҷар мегардад. Вай гуфт бо истифода аз бактерияҳои фоиданоке, ки дар ин маҳсули ширӣ вуҷуд дорад метавон бархе бемориҳо аз ҷумла исҳол(шикамрав)ҳои уфуниро дармон кард ва аз бурузи бархе бемориҳо низ пешгирӣ кард.

Истифода аз ин навъи ҷурғот ҷазби калсий ва коҳиши гирифторӣ ба пукии устухон, пешгирӣ аз буруз ва дармони сангҳои гурда, монеъ аз ибтило ба юбасат(запор ё геморрой) дар афроди солманд, ҷазб ва сохти витаминҳо ба хусус витаминҳои B, ҳазми лактоз дар руда ва дар бемориҳои ҳозимаӣ монанди захми рударо ба ҳамроҳ дорад.

Барчасп

Сентябр 12, 2018 11:05 Asia/Dushanbe
Назарҳо