Апрел 02, 2017 16:54 Asia/Dushanbe
  • Гулгашти эрониён дар рӯзи “Сездаҳбадар”
    Гулгашти эрониён дар рӯзи “Сездаҳбадар”

Мардуми Эрон имрӯз якшанбе дуввуми апрел дар “Рӯзи табиат”, бар асоси суннати қадимӣ ба фазоҳои сабз мераванд.

Сездаҳуми фарвардини ҳар сол дар Эрон, охирин рӯз аз таътилоти наврӯзӣ аст, ки “Сездаҳбадар” ном дорад.

Эрониёни қадим пас аз давоздаҳ рӯз ҷашну шодие, ки ба ёди давоздаҳ моҳи сол баргузор мешавад, рӯзи сездаҳуми Наврӯзро ба боғу саҳро мерафтанд, то охирин рӯзи идро дар табиат ва дар канори сабза ва гиёҳу оби равони чашмаҳо ва ҷӯйборҳо бигузаронанд.

Гулгашти эрониён дар сездаҳумин рӯз аз ҷашни Наврӯзӣ, бузургтарин пайки неки ҷаҳонӣ аст, барпоии ҷашнҳо ва оинҳои вижаи ин рӯз, решаи бостонӣ ва таърихӣ дорад.

Мардуми Эрон дар давраҳои мухталифи таърихӣ, Наврӯзро ҷашни офариниш ва оғози ҳастӣ ва поёни онро рӯзи 13 фарвардин донистанд ба ҳамин сабаб ин рӯзро бисёр гиромӣ медоштанд.

Эрониён ҳамчунин баргузории оини сездаҳумин рӯзи Наврӯзро қадршиносӣ аз неъматҳои Худованд медонанд ва тамошои зинда шудани табиатро нишоне аз қиёмат ва маод, қаламдод мекунанд.

 

Барчасп