Август 29, 2017 20:34 Asia/Dushanbe
  • 30 миллиард доллар сармояи хориҷӣ дар роҳ ба сӯйи Эрон

Муовини вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон гуфт, ҳудуди 30 миллиард доллар таъмини молии хориҷӣ дар роҳ аст, ки аз бонкҳои аврупоӣ ва осиёии ҷазб мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Хазоӣ рӯзи сешанбе дар 28-умин ҳамоиши бонкдории исломӣ бо ишора ба баста шудани қарордоди ҷазби ҳашт миллиард евро аз “Эксимбонк”-и Кореяи Ҷанубӣ аз омода шудани қарордодҳои молиявии дигар то як моҳи оянда хабар дод. Ӯ гуфт, дар як моҳи оянда 29-30 миллиард доллар, ки аз қабл музокироти нафасгири он сурат гирифта буд, ба имзо хоҳад расид. Хазоӣ афзуд, имзои қарордоди молиявӣ ба маънии қарздор кардани кишвар нест, балки ба ин маънӣ аст, ки бо “Эксимбонк”-и Корея ё “Евробонк”-и Австрия ё бонкҳои Италия қарордодҳои хаттии қарзӣ баста шуда, замонати номаҳои он низ собит шудааст, то ин қарзҳо сарфи тарҳҳои сохтусоз ва сармоягузорӣ дар кишвар шавад. Муовини вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон ба нигаронии бархе аз бонкҳои хориҷӣ аз тасмимоти Амрико ишора кард, аммо дар айни ҳол гуфт, дар ин фазои даргирӣ панҷараҳо боз шудааст.

Ба гузориши ИРНА, бузургтарин қарордоди қарзи хориҷӣ дар давраи пасобрҷомӣ ба арзиши беш аз ҳашт миллиард евро миёни Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ панҷшанбеи гузашта дар шаҳри Сеул, пойтахти ин кишвар имзо шуд. Пеш аз ин ва пас аз имзои БАРҶОМ низ қарордоди қарзӣ барои дарёфти 1.7 миллиард доллар бо “Эксимбонк”-и Чин, қарордоди 2.2-миллиардевроӣ бо Русия барои бахши энержӣ ва ҳамлу нақли Эрон имзо ва амалӣ шудааст.

 

Барчасп