Апрел 02, 2019 15:46 Asia/Dushanbe
  • Гаштугузори эрониҳо дар табиат дар Рӯзи сездаҳбадар

Мардуми саросари Эрон имрӯз, сешанбе, 13-уми фарвардин, баробар бо дувуми апрел расми наврӯзӣ ва куҳани сездаҳбадарро дар Рӯзи табиат ба ҷо оварданд.

Сездаҳумин рӯзи моҳи фарвардин дар Эрон охирин рӯз аз таътилоти наврӯзӣ аст ва ба сездаҳбадар маъруф аст. Дар ин рӯз, ки дар тақвими расмии Эрон Рӯзи табиат номгузорӣ шудааст, мардум бар асоси суннатии куҳан ба берун аз шаҳрҳо мераванд ва соотеро бо хонавода дар дили табиат мегузаронанд.

Эрониёни қадим пас аз дувоздаҳ рӯзи ҷашн ва шодие, ки ба ёди дувоздаҳ моҳи сол аст, рӯзи сездаҳуми Наврӯзро ба боғу саҳро мерафтанд, то охирин рӯзи идро дар табиат ва дар канори сабза, гиёҳу оби равони чашмаҳо ва ҷӯйборҳо бигузаронанд. Гулгашти эрониён дар сездаҳумин рӯз аз Наврӯз бузургтарин пайки неки ҷаҳонӣ аст ва барпоии ҷашнҳову оинҳои вижаи ин рӯз решаи бостонӣ ва таърихӣ дорад. Мардуми Эрон дар давраҳои мухталифи таърихӣ Наврӯзро ҷашни офариниш ва оғози ҳастӣ медонистанд ва поёни онро рӯзи 13-уми фарвардин мепиндоштанд. Ин рӯз назди эрониён бисёр муборак ва фархунда аст. Дар Ҳирот ва бархе дигар аз манотиқи ғарбии Афғонистон низ суннати сездаҳбадар бо ҳамин ном баргузор мешавад. Ақвоми эронӣ ба фарохӯри фарҳангу русуми минтақаии худ оинҳои хосе дар ин рӯз доранд. Аз ҷумлаи оинҳои сездаҳбадар гиреҳ задани сабзаву чаман ва андохтани сабзаҳои ид ва рӯдхонаҳо ва оби равон аст.