Апрел 14, 2019 10:33 Asia/Dushanbe
  • Шоирони Эрон ва Афғонистон мақоми Атторро гиромӣ доштанд

Шаби шеъри муштараки Эрон ва Афғонистон ба муносибати рӯзи миллии Шайх Фаридуддини Аттори Нишопурӣ дар Донишгоҳи Нишопур (шимоли шарқи Эрон) баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар ин маросим, ки шомгоҳи шанбе баргузор шуд, ҷамъе аз шоирони барҷастаи Эрон ва Афғонистон шеърхонӣ каранд ва ҳунармандони мусиқии ду кишвар низ ғазалҳои шӯрангезе аз Шайх Фаридуддини Аттори Нишопуриро иҷро карданд.

Шайх Фаридуддини Аттори Нишопурӣ, яке аз шоирон ва орифони номовари Эрон дар охирҳои қарни шашум ва аввалҳои қарни ҳафтуми ҳиҷрии-қамарӣ (1221-1146 мелодӣ) аст.

Аттор бахше аз умри худро ба расми соликони тариқат дар сафар гузаронд ва аз Макка ба то Мовароуннаҳр ба мусофират пардохт ва дар ин сафарҳо бисёре аз машоих ва бузургони замони худро зиёрат кард ва дар ҳамин сафарҳо низ ба хидмати Ҷалолуддини Бағдодӣ, яке аз орифони номдор расид.

Аз ин шоири орифи эронӣ осоре ҳамчун девони ашъор, "Илоҳинома", "Тазкират-ул-авлиё", "Асрорнома", "Мусибатнома", "Мантиқ-ут-тайр" ва "Хусравнома" ба ҷо мондааст.

Ӯ сармашқи орифони номие баъд аз худ ҳамчун Мавлавӣ ва Ҷомӣ қарор гирифт ва он ду низ ба мадҳу санои ин муршиди бузург пардохтаанд.

Ин шоири эронӣ дар ҳамлаи муғул ва дар ибтидои қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ кушта ва дар наздикии шаҳри Нишопур ба хок супурда шуд.    

Барчасп