Сентябр 17, 2019 11:57 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз(сешанбе) пас аз ширкат дар панҷумин нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия, вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон Ҳасани Рӯҳонӣ, Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки шомгоҳи якшанбе дар сарварии ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Анқара шуд, илова бар ҳузур ва суханронӣ дар панҷумин даври иҷлоси сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия, ки дар идомаи ройзаниҳои се кишвари зомини раванди Остона барои ҳалли буҳрони Сурия баргузор шуд, дидорҳои ҷудогонае низ бо Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисони ҷумҳури Русия ва Туркия дошт.

 Рӯҳонӣ дар ин нишасти матбуотии муштарак,аҳдофи Амрико аз ҳузур ва мудохила дар умури Сурияро, ки бидуни даъвати давлати қонуни ин кишвар анҷом мегирад, бисёр хатарнок ва дар ростои кумак ба террористҳо донист.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки Амрико ба фикри тақсими барои ҳеҷ кишваре аз ҷумла кишварҳои минтақа ва бавежа Эрон, Русия ва Туркия, қобили қабул нест афзуд: Бадниятии Амрико аз инҷо ошкор мешавад, ки бахше аз хоки Сурия яъне баландиҳои Ҷавлонро ба як таҷовузгар бахшидааст.

 Рӯҳонӣ бо таъкид бар инки ҳамагон бояд ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти сарзаминии Сурия эҳтиром бигузоранд таъкид кард: Мубориза бо терроризм дар Сурия бояд идома ёбад.

 

Барчасп

Назарҳо