Сентябр 17, 2019 16:34 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Бо Амрико дар ҳеҷ сатҳе музокира нахоҳад шуд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба тарҳи муҷаддади мавзӯи музокира аз ҷониби амрикоиҳо таъкид карданд, ҳамаи масъулони ҷумҳурии исломӣ яксадо муътақиданд, ки бо Амрико дар ҳеҷ сатҳе музокира нахоҳад шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (сешанбе) дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ, дар оғози соли таҳсилии ҳавзаҳои илмия, ҳадафи амрикоиҳо аз тарфанди музокираро таҳмили хостаҳои худ ва исботи таъсиргузории фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрон хонданд ва гуфтанд, сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ дар баробари миллати Эрон ҳеҷ арзише надорад.

Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба мавозеи мутафовити мақомҳои амрикоӣ дар хусуси музокира афзуданд: “Гоҳе мегӯянд; музокира бидуни пешшарт, гоҳе низ мегӯянд; музокира бо 12 шарт. Ин гуна суханон ё ношӣ аз сиёсати ошуфтаи онҳост ва ё тарфанде барои сардаргум кардани тарафи муқобил. Албатта, ҷумҳурии исломӣ сардаргум намешавад, чаро, ки роҳи мо равшан аст ва медонем чӣ мекунем”.

Эшон хотирнишон карданд, барои ин навъ музокира бояд ба суроғи ҳамон касоне бираванд, ки ба унвони гови ширдеҳи онҳо амал мекунанд. Ҷумҳурии исломӣ - ҷумҳурии муъминин, ҷумҳурии муслиминаллоҳ ва ҷумҳурии иззат аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ изҳор доштанд: “Чунончӣ Амрико ҳарфи худро пас гирифт ва тавба карду ба муоҳидаи ҳастаӣ, ки онро нақз кардааст, бозгашт, он вақт дар ҷамъи кишварҳои узви муоҳида, ки ширкат ва бо Эрон сӯҳбат мекунанд, Амрико ҳам метавонад ширкат кунад. Аммо дар ғайри ин сурат ҳеҷ музокирае дар ҳеҷ сатҳе байни масъулони ҷумҳурии исломӣ ва амрикоиҳо иттифоқ нахоҳад афтод, на дар Ню-Йорк ва на ғайри он”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки дар тӯли 40 соли гузашта ҷумҳурии исломӣ дар мувоҷеҳа бо анвои тарфандҳо қарор доштааст ва душманон натавонистаанд Эрони азизро мағлуб кунанд, таъкид карданд, сиёсатҳои онон яке пас аз дигаре мағлуби сиёсатҳои ҷумҳурии исломӣ шудааст ва баъд аз ин низ ҷумҳурии исломӣ ба хосту иродаи илоҳӣ онҳоро мағлуб хоҳад кард ва пирӯзу сарбаланд аз майдон хориҷ хоҳад шуд.

 

Назарҳо