Сентябр 18, 2019 18:20 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Бидуни рафъи решаҳои буҳрон дар минтақа наметавон ба коҳиши танишҳо умедвор буд

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, бидуни рафъи решаҳои буҳрон дар минтақа наметавон ба коҳиши танишҳо умедвор буд.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо таъкид бар ин ки буҳрони Яман ҳеҷ гуна роҳи ҳалли низомӣ надорад, афзуд: поён додан ба решаҳои буҳрони мавҷуд ниёзманди иродаи минтақаӣ ва байналмилалӣ буда ва Эрон борҳо барои кумак ба коҳиши таниш ва поёни ҷангу хунрезӣ дар минтақа бо тарафҳои мухталиф, ба вижа чаҳор кишвари аврупои музокира ва ҳамкорӣ кардааст.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, бояд тарафҳои асаргузор, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид илова бар таҳти фишор гузоридани Арабистони Саудӣ, барои ҳалли решаии буҳрони Яман, аз маҷмӯаи зарфиятҳои худ низ барои ҷилавгирӣ аз идомаи таҷовузи Арабистон ба Яман ва куштори бераҳмонаи мардуми бедифоъ истифода кунанд.

Шамхонӣ ҳамчунин бо баёни ин ки дифои ҳамаҷонибаи мардуми Яман дар баробари таҷовузи хориҷӣ ҳаққи табиӣ, машруъ ва қонунии онҳо аст, афзуд, силоҳҳои артиши Яман тавассути худашон тарроҳӣ ва сохта мешавад ва мунтасаб намудани он ба кишварҳои дигар, фирор ба пеш аст.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба иттиҳомзании душманон ба Эрон дар бораи таҳаввулоти Яман таъкид кард, Эрон бо омодагии комил ба ҳар гуна қасду иқдоме барои таарруз ба кишвар ва ё манофеи ҷумҳурии исломӣ посухи қотеъ хоҳад дод.

 

Назарҳо