Октябр 02, 2019 21:10 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Кӯчактарин хатои режими саҳюнистӣ ба маҳви ин режим мунҷар хоҳад шуд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, кӯчактарин хатои режими саҳюнистӣ дар баробари Эрон, ба маънии охирин хато хоҳад буд ва ба маҳви ин режим аз ҷаҳон мунҷар хоҳад шуд.

Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ҳазорон нафар аз фармондеҳони ин ниҳоди инқилобӣ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуд, имрӯз хутути тамоси инқилоб ҳазорон километр умқ пайдо карда ва бо интиқоли паёми зулмситезӣ, адолатхоҳӣ ва маънавият, Амрико дар таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятии минтақа ба ҳошия ронда шудааст.

Сарлашкар Саломӣ ҳамчунин бо таъкид бар иқтидор ва боздорандагии инқилоби исломӣ гуфт, Сипоҳи посдорон бо навсозии дохилӣ ба самти тақвияти ҳарчӣ бештари тавони худ дар арсаҳои мухталиф дар ҳоли ҳаракат аст.

Аъзои маҷмаи олии фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ имрӯз (чаҳоршанбе) бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво дидор карданд.

 

Барчасп