Ноябр 12, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Амрико ҷони 15 кӯдаки эрониро гирифт

Таҳримҳои Амрико ва ворид нашудани бархе маводи доруӣ ва беҳдоштӣ ба Эрон ба марги 15 кӯдаки мубтало ба бемории IB мунҷар шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, бемории IB-и парвонаӣ навъе аз беморҳои пӯстӣ аст, ки дар пӯст обила эҷод мекунад ва шиддати он, аз мулоим то кушанда, мутағайир аст.

Сайидҳамидризо Ҳошими Гулпоягонӣ, мудири кулли Хонаи IB-и Эрон дар мусоҳибае гуфт, агар кӯдакони мубтало ба IВ захмбанд дошта бошанд, 80 дарсади мушкилоташон ҳал мешавад, зеро бемор метавонад либос бипӯшад ва либос ҷазби захмаш намешавад ва фақат дар ин шароит кӯдак метавонад ба мадраса биравад. Гулпоягонӣ афзуд: “Баъд аз бозгашти дубораи таҳримҳои амрикоӣ дар соли 2017 бо ниҳодҳои мухталиф ройзанӣ кардем, аммо натавонистем захмбанди мавриди ниёзро ворид кунем. Ҳамчунин бо ширкат шведсияие, ки танҳо тавлидкунандаи ин захмбанд дар дунё аст, номанигорӣ кардем, аммо ин ширкат дар номаи расмие эълом кард, ки Эрон таҳти таҳрим аст ва наметавонад саҳмияи захмбанд дарёфт кунад”.

Браян Ҳок, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон чанд моҳ пеш муддаӣ шуд, ки Амрико эҳтироми зиёде барои мардуми Эрон қоил аст ва намехоҳад монеи дастрасии онҳо ба таҷҳизоту хадамоти пизишкӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамон замон ҳам мақомоти дохилӣ ва ҳам дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора мавзеъгирӣ карданд. Ҳоло, камтар аз ду моҳ баъд аз суҳбати мақомоти амрикоӣ нахустин таъсири ин таҳримҳо боиси марги 15 бемори парвонаӣ дар Эрон шудааст.

 

Назарҳо