Ноябр 13, 2019 20:14 Asia/Dushanbe
  • Назари расмии Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи чандҳамсарӣ

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар фатвои шаръӣ элом кард: Ҳар гоҳ аз назари ақлонӣ эҳтимоли таҳаққуқ наёфтани адолат байни ҳамсарон вуҷуд дошта бошад, издивоҷи муҷаддади шавҳар ҷоиз нест.

Дар паи пурсишҳои мухталиф аз Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи чандҳамсарӣ, сайти марбут ба эшон назари расмии ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаиро мунташир кардааст.

Бар асоси ин фатво, ки дар бахши зан ва хонавода (Райҳона)-и сайти марбут ба Раҳбари инқилоб ба нишонии KHAMENEI.IR интишор ёфта, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бино бар далелҳои мӯътабари динӣ чандҳамсарии мардонро мубоҳ, аммо ғайримустаҳаб медонанд ва мӯътақиданд, мутобиқи далоили қуръонӣ, иҷозаи издивоҷи муҷаддад машрут ба итминон аз риояти адолат байни ҳамсарон аст.

Ҳамчунин дар нигоҳи эшон ба хонавода ба унвони муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ дар зиндагии инсон ва зарурати шаклгирии хонавода ва муроқибат ва ҳифозат аз он, авомиле дар истеҳкоми ин бунёни илоҳӣ ва шаклгирии он муассир аст, аз ҷумла ҳифзи муҳаббат ва эътимоди мутақобили завҷайн, асолати нақши модарӣ ва тарбиятии бонувон, парҳез аз роҳ ёфтани нигоҳи моддӣ ба хонавода ва таҷаммулгароиву рақобатҳои моддии хонаводаҳо, тарвиҷи издивоҷи осон ва нақши муҳим ва муассири волидайн дар он вазифаи дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва расонаҳо дар тасҳили издивоҷи ҷавонон аст.

Эшон мӯътақиданд: Издиҷови муҷаддади мардон ғолибан ба зарари истеҳкоми хонавода ва мӯҷиби тазъифи муҳаббати завҷайн ва гоҳо фурӯпошии хонавода аст ва аз ин рӯ, ин ҷумла дар баёни эшон такрор шудааст, ки: Худо якеву муҳаббат яке ва ёр яке!

 
 

Назарҳо