Ноябр 13, 2019 21:56 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши намояндаи доими Эрон дар Ожонси байналмилаллии энержии атомӣ ба иддаъои Ожонс

Козим Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Ожонси байналмиллалии Энержии атомӣ дар вокуниш ба изҳороти матраҳ шуда аз суи мақомҳои Ожонс дар мавриди вуҷуди макони тозае аз фаъолиятҳои ҳастаӣ дар Эрон гуфт; аз ҳамон ибтидо ва аз замоне,ки Ожонс , Эронро мутталиъ кард,ки бархе суолҳо дар мавриди як макони хос дорад, Эрон бо нишон додани ниҳояти ҳамкорӣ ва шафофият, дастрасии лозимро барои Ожонс фароҳам кард.

Ғарибободӣ тасриҳ кард ; вуҷуди ингуна суолҳо дар таъомулоти байни Ожонс ва кишварҳои узв амри маъмул ва оддӣ буда ва дар ҳоле,ки ду тараф барои ҳали он дар таъомул ҳастанд,набояд боэътирози сиёсӣ мавриди суиистифода ва бузургнамоӣ воқеъ шавад.

Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ рӯзи душанбе 11 ноябр ҳабдаҳумин гузориши худро дар бораи ростӣ озмоии иҷроии БАРҶОМ мунташир кард.

Ин гузориш низ нишон медиҳад,ки Ожонс ҳамчунон дастрасии комиле дар Эрон дорад ва алорағми коҳиши таъаҳудоти Эрон таҳти БАРҶОМ, қодир ба ростиозмоӣ аст. Дар бахше аз ин гузориш низ тасриҳ шудааст; Эрон бино ба дархости Ожонс нисбат ба судури раводиди дарозмуддат барои бозрасони мансуби Ожонс иқдом карда ва дар амокини ҳастаӣ , маҳали кори муносибе барои ин манзур фароҳам кардааст.

Бо ин ҳол дар бахше аз гузориши нави иддаъо шуда,ки Ожонс зарроте аз уранро дар маконе,ки тавассути Эрон ба Ожонс изҳор нашуда буд, шиносоӣ кардааст.

Лозим ба ёдоварист,ки Натаняҳу нахуствазири режими Саҳюнистӣ соли гузашта дар иддаъои беасос гуфта буд,ки Эрон чандин таъсисоти сиррии ҳастаӣ дар ихтиёр дорад,ки яке аз онҳо дар Турқузобод воқеъ аст.

Ҳасан Муҳаммадӣ коршиноси масоили ҳастаӣ дар ин бора мегуяд;мавориде аз ин даст бештар шабеҳи шантажҳои расонаӣ аст. Эрон мутаъаҳидтарин кишвар ба БАРҶОМ ва таъаҳудоти ҳастаии худ буда ва ҳаст. Пеш аз ин ҳам мавориде дар робита бо барномаи ҳастаӣ матраҳ мекарданд аммо мушахас шуд,ки нодуруст ҳастанд.

Акнун рӯйкарди дубора ба ин иддаъои нахнамо шуда ; дар паи оғози гоми чоруми коҳиши таъаҳудҳои БАРҶОМИИ Эрон метавонад маъно ва мафҳуми хосе дошта бошад ва ба унвони бахше аз  ҷараёни фишори сиёсӣ бар зидди Эрон талақӣ шавад. Возеҳ аст,ки ҳадаф аз ин ҷараёнсозӣ, машкук ҷилва додани фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ва зери суол бурдани иқдоми мантиқӣ ва ҳуқуқии Эрон дар коҳиши таъаҳудҳои БАРҶОМӢ аст.

Ин иддаъо дар ҳоле дар гузориши нави Ожонс мавриди ишора қарор гирифта ,ки  Корнел Ферута мудири кули муввақати Ожонс пеш аз ин дар бораи иддаъои вуҷуди сиёсатҳои махфӣ дар Эрон гуфта буд,ки  наметавон бо фарзиёт дар бораи барномаи ҳастаии Эрон қазоват кард.

Албатта ҳамонгуна,ки тавассути мақомоти Эрон Ожонс дар мавқеъиятҳои мухталиф таъкид шуда , таъомули байни Ожонс ва Эрон дар ҳоли анҷом аст.

Бадеҳи аст ҳамонгуна,ки намояндаи доими Эрон дар Созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена хотирнишон кардааст ; ҳаргуна талош барои эҷоди ихлол ва инҳироф дар ҳамкориҳои созанда ва фаъолонаи Эрон ва Ожонс ва эъмоли фишорҳои нобаҷо ба Ожонс , комилан  вайронкорона  буда ва бо иқдомҳои муносиби Эрон низ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ғарибободӣ тасриҳ кард ; ҳаргуна талош барои пешдоварӣ ва ироаи арзёбии зудҳангом ва хом дар ин замина , сирфан дар ҷиҳати мусодираи ин мавзу дар ростои мақсадҳои сиёсӣ аст.

Аз дидгоҳи ҳуқуқи ҳастаӣ, ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳақӣ ғанисозии уран барои масрафҳои сулҳомез бархурдор аст ва Ожонс низ пайваста дар ростӣ озмоиҳои худ барномаи ҳастаии Эронро сулҳҷуёна эълом кардааст. Эрон ҳамвора ба муқарароти Ожонс пойбанд буда ва ҳеҷ гоҳ фаъолияти мамнуъшудае анҷом надодааст. Мутаасифона , рафторҳои сиёсӣ бар ҳуқуқи ба расмият шинохта шудаи ҳастаӣ соя андохтааст. Аз ин рӯ интизори Эрон аз Ожонс таваҷуҳ ба ҳамаи ҷонибҳо ингуна сенариясозиҳои бесанад ва мадрак дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон аст.

Назарҳо