Ноябр 14, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Шодбоши милоди Паёмбар (с) ва имом Ҷаъфари Содиқ (а)

​​​​​​​Имшаб вилодати ҳазрати Муҳаммад (с) дурахшиши раҳмати илоҳӣ аст.

Охирин паёмбари ҳаққ, ки дар масири иблоғи каломи ваҳӣ, инсони ғарқ дар ҷаҳлу зулматро бо озодӣ ва саодати ҳақиқӣ, ошно кард ва дарҳои ҷаҳоне саршор аз некӣ ва росткирдориро ба рӯйи ӯ гушӯд.

Агарчӣ дар таърихи вилодати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) миёни мусулмонон бар сари 12-ум ва 17-уми рабеъ ул аввал ихтилофи назар вуҷуд дорад, аммо ин айём аз 12-уми рабеъ-ул-аввал то кунун ба бузургмарде тааллуқ дорад, ки милодаш оғози растгории ҷовидонаи башарият буд.

Имшаб ҳамчунин милоди набераи гиромии Расули Худо (с), ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а) аст.

Ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар шаҳри муқаддаси Мадина мутаваллид шуданд.

Падари он бузургавор имом Боқир (а) ва модари эшон Умми Фарваҳ бинти Қосим, набераи ҳазрати Абубакр(раз), халифа аввал буд.

Ҳазрати Содиқ (а) пас аз шаҳодати падари бузургаворашон дар фазлу дониш саромади ҳамаи мусулмонон ва дар миёни шиа ва суннӣ мақомаш аз ҳамагон арҷмандтар буд.

Эшон дар даврони ҳаёти пурбаракати худ чаҳор ҳазор шогирди барҷастаро парвариш дод, ки бисёре аз онон ба Ислом хадамоти густурдае доштаанд.

Имом Абуҳанифа (раҳ.) аз ҷумлаи шогирдони имом Ҷаъфари Содиқ (а) аст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон милоди хуҷастаи Паёмбар ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва набераи арҷмандаш Содиқи оли Муҳаммад (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон табрик мегӯяд.

 

Назарҳо