Декабр 06, 2019 18:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳаддоди Одил: Беҳтарин тадбири давлати Тоҷикистон бозгашт ба забони форсӣ буд

Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ гуфт, давлати Тоҷикистон дар беҳтарин иқдоми мумкин ба забони форсӣ бозгашт ва ин мавзуъ аз замони истиқлоли ин кишвар то таъйини забони форсӣ ба унвони забони миллӣ муҳаққақ шудааст.

Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил дар гуфтугӯ бо радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо ишора ба беҳбуди равобити Теҳрон - Душанбе афзуд, вақти он расидааст, ки дафотири фарҳангии Эрон дар Душанбе ҳамчун Бунёди Саъдӣ бозкушоӣ шавад.

Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аз Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон, ки ҳамзамон раёсати комиссияи муштараки барномаҳои фарҳангӣ - иқтисодии ду кишварро бар ӯҳда дорад хост, барои рафъи сӯитафоҳумҳои мавҷуд талош кунад.

 

 

Барчасп

Назарҳо