Декабр 07, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз паҳподи эронии Симурғ

Паҳподи Симурғи нерӯи дарёии артиши Эрон имрӯз дар Кунорак ҷануби шарқи Эрон рунамоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, паҳподи  Симурғ навтарин паҳподи размӣ, шиносоӣ ва техникии нерӯи дарёии артиши Эрон аст, ки бо ҳузури амир дарёдор Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ муовини ҳамоҳангкунанда ва амир дарёдор Ҳусайни Хонзодӣ фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон дар Кунорак рунамоӣ ва ба нерӯҳои дарёии минтақа илҳоқ шуд.

Паҳподи  Симурғ бо бурди 1500 километр тавоноии анҷоми амалиётҳои техникӣ, размӣ, ҷанголӣ (ҷанги электроник)-ро дорад.

Мудовимати парвози Симурғ 24 соат ва сақфи парвози он низ 25 ҳазор по аст.

 

Барчасп

Назарҳо