Декабр 08, 2019 12:17 Asia/Dushanbe
  • Баргузории занги Шоҳномахонӣ дар мактабҳои Машҳад

Давраи омӯзиши Шоҳномахонӣ барои хонандагони мактаби шаҳри Машҳад (шимоли шарқи Эрон) оғоз шуд.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, муовини гардишгарӣ ва зиёрат, Созмони иҷтимоии фарҳангии шаҳрдории Машҳад бо ишора ба ҳамкории шаҳрдорӣ ва омӯзишу парвариш дар иҷрои ин тарҳ гуфт, дар гоми нахуст ду соат дар ҳафта занги Шоҳнома дар 32 мактаб ва Маркази боғчаи кудакон бо ҳузри 1500 хонандагон аз мактабҳои мунтахаби Машҳад баргузор мешавад.

Наргиси Шолчиён афзуд, ин тарҳ барои аввалинбор дар Машҳад ва ба манзури амал ба баёноти раҳбари фарзонаи инқилоб мабнӣ бар зарурати таваҷҷуҳ ба Шоҳнома ва Фирдавсӣ бо ҳадафи интиқоли омӯзаҳои ахлоқӣ ва динӣ ва фарҳангии Шоҳнома дар миёни насли ҷавон ва тақвияти бунёнҳои миҳанӣ ва пайванди ҳувияти миллӣ ва  мазҳабӣ оғоз шудааст.

Шолчиён бо ишора ба оғози давраи омӯзиши мударрисони Шоҳнома дар мактабҳои ибтидоӣ ва боғчаи кудакон афзуд, дар ин давра мурабиён ва омӯзгорони ибтидоӣ ва боғчаи кудакон дар муддати як ҳафта омӯзишҳои тахассусии лозимро дар хусуси Шоҳнома фаро мегиранд, то ба интиқоли  омӯзаҳои худ ба хонандагони мактаби пояи чаҳорум ва боғчаи кудакон бипардозанд.

Барчасп

Назарҳо