Декабр 14, 2019 20:40 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: таҳрими дору ҷинояти зидди башарӣ аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, таҳримҳои Амрико зидди Эронро мисдоқи ошкори ҷиноят алайҳи башарият ва терроризми иқтисодӣ унвон кард.

Саидаббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ дар Табриз (шимоли ғарби Эрон) бо ради иддаои амрикоиҳо мабнӣ бар таҳрим набудани дору ва ғизо барои Эрон афзуд, агар ширкате дар Эрон иқдом ба таҳияи ақломи ғизоӣ ва доруӣ кунад амалан бо мушкилоти нақлу интиқоли бонкӣ ру ба ру мешавад.

Мусавӣ тасреҳ кард, таҳримҳои Амрико зидди Эрон тамоми қонунҳои ҳуқуқи башар ва байналмиллалро поймолсозӣ кардааст.

Вай бо таъкид бар ин ки Амрико роҳи вуруди дору ба Эронро бастааст гуфт, амрикоиҳо агар чи дар масоили ахир мушкилоти Эронро ба сина мезаданд, аммо бо таҳрими дору нишон додаанд чунин нест.


Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон  ҳамчунин бо ишора ба сафари Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ба Жопон дар ояндае наздик гуфт, Жопон аз рӯи ҳусни ният пешниҳодоте барои коҳиши таниш ироа карда, ки умед аст дар сафари Руҳонӣ ба ин кишвар Теҳрон ва Токио ба натиҷаи матлубе бирасанд.

Мусавӣ бо таъкид бар густариши равобити Эрон бо ҳамаи кишварҳо аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя афзуд, бархе ҳамсоягон дар асари мушкилоти дохилии худ, равобити хубе бо Эрон надоранд вале бархе кишварҳо дар сиёсати хориҷии Эрон ҷойгоҳи вижае доранд.

 

Назарҳо