Декабр 29, 2019 14:14 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Эрон аз кишварҳои минтақа барои ҳузур дар размоиши дарёӣ

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон бо ишора ба баргузории размоиши дарёии Эрон, Чин ва Русия аз ҳамаи кишварҳои минтақа даъват кард, то барои навбатҳои баъдӣ ба ин ҳамгароӣ ва эътилофи минтақаӣ бипайванданд.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, амир дарёдор Ҳусайни Хонзодӣ фаромндеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон рӯзи якшанбе дар ҳошияи размоиши сеҷонибаи Эрон, Чин ва Русия бо ҳузур дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни ин ки тамоми мароҳили ин размоиш то кунун бо муваффақият анҷом шудааст гуфт, Эрон аз кишварҳои минтақаи ғарби Осиё мехоҳад кумак кунанд, то сатҳи маънодоре аз амнияти ҷамъӣ бо кумаки кишварҳои ин минтақа ба беҳтарин шакли мумкин таҷриба шавад.

Дарёдор Хонзодӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки душманони Эрон дар 40 соли гузашта бо эъмоли таҳрим талош карданд моро мунзавӣ кунанд афзуд, таҳримҳои вазъшуда зидди Эрон на танҳо ҷавоб надода, балки муҷиби ҳамгароӣ ва иттиҳод миёни қудратҳои минтақаӣ шудааст.

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон таъкид кард, имрӯз дигар давраи ҷавлони амрикоиҳо дар минтақа тамом шудааст ва онҳо бояд минтақаро тарк кунанд.

Размоиши дарёии муштараки Эрон, Чин ва Русия аз рӯзи ҷумъа бо пайёми сулҳ, дӯстӣ ва амнияти пойдор дар сояи ҳамкорӣ ва иттиҳоди ҷамъӣ дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон оғоз шуд ва то рӯзи душанбе идома хоҳад дошт.

Барчасп

Назарҳо