Январ 16, 2020 20:54 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон: Амрико таслими қотеъият ва тавонмандии Эрон дар ҳавзаи мушакӣ шуд

Вазири дифои Эрон посухи мушакии Ҷумҳурии исломӣ ба иқдоми Амрико дар террори фармондеҳи нирӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро айнияти бахши воқеии қудрати мушакии Эрон барои душман унвон кард.

Генерал Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи донишҷӯёни Донишгоҳи афсарии Имом Алӣ (раз.) бо гиромидошти ёду хотираи як ҳазору 184 донишомӯхтаи афсарии Донишгоҳи афсарии Имом Алӣ(раз.) ва бавижа шаҳиди сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Айн-ул-Асад нишондиҳандаи қудрати ирода ва тасмими қотеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.

Генерал Ҳотамӣ бо ташреҳи иқдоми террористии давлатии бесобиқа дар ҷаҳон, иқдоми Амрико дар ба шаҳодат расондани як фармондеҳи олирутбаи низомӣ, ки меҳмони расмии давлати дигаре будро бисёр қабеҳ донист ва тасреҳ кард, масъалаи аслии душман бо миллати Эрон масъалаи истиқлоли Эрони исломӣ ва истиқлолхоҳии миллати Эрон аст.

Вазири дифои Эрон афзуд, низоми султа бо тавтеаи эҷоди рахна дар ҳавзаи фарҳангӣ байни кишварҳои минтақа, ташкили гурӯҳои вобаста дар ҳавзаи сиёсӣ, таҳмили иқтисоди такмаҳсулӣ ба кишварҳо, тавтеаи таҷзияи кишварҳои минтақа ба лиҳози ҷуғрофиёӣ ва қарор додани ғуддаи саратонии режими саҳюнистӣ дар ғарби Осиё ба думболи тағйири ҷиҳати минтақа ба самти вогароӣ ва фитна аст.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, ки бомдоди рӯзи ҷумъа (3 январ) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абу Маҳдӣ ал Муҳандис, ноибраиси нирӯи басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.

 

Назарҳо