Январ 17, 2020 17:17 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Посухи қудратмандонаи сипоҳ зарба ба ҳайбати абарқудратии Амрико буд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ зарбаи Сипоҳи посдорон ба убуҳҳати Амрикоро муҷиби беобрӯии ин кишвар хонданд ва гуфтанд, ин зарбаи мустаҳками ҳайсиятӣ бо ҳеҷ чизе ҷуброн намешавад ва афзоиши таҳримҳо, ки ин рӯзҳо амрикоиҳо аз он ҳарф мезананд, обрӯи аз дастрафтаи онҳоро бар намегардонад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар намози ҷумъаи пуршукӯҳ ва баёдмондании имрӯзи Теҳрон, ҳузури миллати Эрон дар бадрақаи пайкари мутаҳҳари шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва ёронаш ва низ посухи кӯбандаи сипоҳ дар ҳамла ба пойгоҳи амрикоиҳо дар Айнуласадро ду явмуллоҳи дарсомӯз ва таъйинкунанда унвон карданд ва афзуданд, яке аз талошҳо барои таҳти таъсир қарор додани айёмуллоҳи ҳафтаҳои ахир иқдоми се давлати хабиси аврупоӣ дар таҳдиди Эрон барои бурдани масъалаи ҳастаӣ ба Шӯрои амният буд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки аврупоиҳо ба маънои ҳақиқии калима ҳақир ва подави Амрико ҳастанд, гуфтанд, аврупоиҳо дар хаёли ба зону даровардани миллат Эрон ба сар мебаранд, ки албатта арбоб ва бузургтари онҳо, яъне Амрико ҳам қодир ба ин кор нашуд, чӣ бирасад ба инҳо!

Эшон музокираи аврупоиҳоро низ омехта ба дағал ва фиребкорӣ донистанд ва гуфтанд, он ҷентелманҳое, ки пушти мизи музокира ҳастанд, дар ҳақиқат террористҳои фурудгоҳи Бағдод ҳастанд, ки либос иваз кардаанд.

Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба ҳузури пурмаъно, пуршӯр ва пурсӯзу гудози миллионҳо нафар дар бадрақаи Ҳоҷқосим - сардори пурифтихори эрониён дар Теҳрон, Кирмон ва чанд шаҳри дигар гуфтанд: Даҳҳо миллион эронӣ ботин ва маънавиёти худро дар ин ҳодисаи азим нишон доданд ва собит карданд, миллат аз ҳар ҳизб, ҷиноҳ ва маҷмӯа ва аз ҳар қавму минтақаи ҷуғрофиёӣ бо ваҳдати мисолзаданӣ тарафдори инқилоб, ҳокимияти исломӣ, истодагӣ дар муқобили зулм ва "На" гуфтан ба ҳамаи тамаъҳои давлатҳои истикборӣ ҳастанд. 
 
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳузури азими миллати Эрон дар маросими видоъи сардор Сулаймониро нишондиҳандаи зербинои фикрӣ ва ҷилваи эҳсосоти содиқонаи миллат донистанд ва афзуданд, ин фарёди интиқом, ки дар саросари Эрон ба гӯш мерасад, дар воқеъ сӯхти ҳақиқии мушакҳое буд, ки пойгоҳи Амрикоро зерурӯ кард. 
 
Раҳбари инқилоб бо ибрози таассуфи амиқ аз ҳодисаи суқути ҳавопаймо гуфтанд, ин ҳодисаи бисёр талх дили моро ба маънои ҳақиқии калима сӯзонд ва ба дард овард, аммо иддае ба табъи расонаҳои амрикоӣ ва англисӣ саъй мекунанд ин ҳодисаи ғамборро заминасози фаромӯшии он ташйиъи пуршукӯҳ ва он посухи кӯбандаи сипоҳ қарор диҳанд, аммо ҳеҷ масъалае набояд он рӯзҳои ба ёдмонданиро таҳти таъсир қарор диҳад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бахши аслии хутбаи дувумро ба забони арабӣ баён карданд ва бо ишора ба ҷинояти буздилонаи амрикоиҳо дар террори як сардори бузург ва шуҷои эронӣ ва як муҷоҳиди фидокор ва боихлоси ироқӣ ба дастури раисҷумҳури террористи Амрико гуфтанд, сарнавишти равшани минтақа наҷот аз султаи истикбории Амрико ва раҳоии Фаластин аз ҳокимияти бегонагони саҳюнист аст, ки бо ҳиммати миллатҳо бояд замони расидан ба ин ҳадаф наздиктар шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ҳамаи миллатҳои мусулмони минтақа таъкид карданд, дунёи Ислом бояд сафҳаи ҷадиде бикушояд ва виҷдонҳои бедору дилҳои муъмин эътимод ба нафсро дар миллатҳо бедор кунанд ва ҳама бидонанд, ки танҳо роҳи наҷоти миллатҳо тадбир ва истиқомату натарсидан аз душман аст.

 

Барчасп

Назарҳо