Январ 20, 2020 14:52 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Маҷлиси Эрон дар посух ба рафтори зиддибарҷоми аврупоиҳо

"Дар сурати рафтори ғайриодилонаи Аврупо дар истифода аз "механизми ҳалли ихтилоф дар БарҶОМ", Эрон тасмими ҷиддӣ дар ҳамкорӣ бо Ожонси байналмиллалии энергии атомӣ мегирад."

Алии Лориҷонӣ- раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар нишасти рӯзи якшанбеи маҷлис, бо баёни ин мавзеъ аз иқдоми се кишвари аврупоӣ дар истифода аз механизми ҳалли ихтилоф дар БарҶОМ ба шиддат интиқод кард.

 Олмон, Англия ва Фаронса (сегонаи аврупоӣ) сешанбеи гузашта(14 январ) бо интишори баёнияе дар Брюссел, механизми ҳалли ихтилоф дар БарҶОМ-ро фаъол карданд.

Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳам рӯзи якшанбе дар баёнияе таъкид карданд: Дар заминаи БарҶОМ ва ҳамчунин дар мавриди мондан ва ҳамкорӣ бо Ожонси байналмиллалии энергии атомӣ тасмим хоҳанд гирифт, то ба ғарбиҳо ва мушаххасан кишварҳои тарафи музокира дар баҳси ҳастаӣ фаҳмонда шавад,ки низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дар гирифтани тасмимоти қотеъ ва инқилобӣ диранг нахоҳад кард. Баъд аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶОМ, Эрон барои беш аз як сол аз худ сабри стратегӣ нишон дод, то ба аъзои боқимондаи БарҶОМ иҷоза диҳад, ки асарот ин хурӯҷро ҷуброн кунанд.Натиҷаи ин тавофуқ барои Эрон аммо табдил ба таҳримҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ алайҳи тиҷорат, иқтисод ва сармоягузории хориҷӣ шудааст. Ин таҳримҳо бар рӯйи бахшҳое монанди ғизо, дору , маҳсулоти доруӣ ва ҳатто ниҳоди низоми эминии ҳастаии Эрон низ асар гузоштааст.

  Эрон то кунун нуқтаи равшане дар мавзеъи Аврупо надида аст. Онҳо дар ҳоле думболи БарҶОМ-и нав ҳастанд, ки БарҶОМ-ро табдил ба тавофуқи бехосият кардаанд. Аврупоиҳо ба ҷои судури баёния бояд иродаи мустақили худро дар муҳофизат аз як тааҳҳуди чандҷониба исбот кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб дар бахше аз хутбаҳои намози ҷумъаи ҳафтаи гузаштаи Теҳрон дар ин бора гуфтанд: Аз аввал ҳам банда гуфтам, ки эътимоде ба ҳарфҳои аврупоиҳо баъд аз БарҶОМ надорем ва онҳо коре намекунанд ва дар хидмати Амрико ҳастанд, алон ҳам маълум шуд, ки инҳо ба маънои ҳақиқии калима ҳақир ва хидматгори Амрико ҳастанд ва дар хаёли ба зону даровардани миллати Эрон ба сар мебаранд, ки албатта арбоб ва бузургтари онҳо яъне Амрико ҳам қодир ба ин кор нашуд; чӣ бирасад ба инҳо!

Зариф-вазири хориҷаи Эрон ҳам дар ҳушдоре ба Англис ва се кишвари аврупоии узви БарҶОМ хотирнишон кард: Сегонаи Аврупо метавонад БарҶОМ-ро ҳифз кунад, вале на бо ҷалби ризояти Амрико ва эқоди фишор бар Эрон, дар иваз Аврупо бояд ин шуҷоатро дошта бошад, ки ба тааҳҳудоташ амал кунад.

 Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ҳафтаи гузашта дар дидори Ҷозеф Боррел-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар ҳошияи панҷумин давраи нишасти солонаи гуфтугуҳои РАСИНА дар Деҳлии нав, бо баршумурдани иштибоҳот ва беамалии аврупоиҳо дар мавриди уҳдадориҳояшон дар БарҶОМ, иқдоми се кишвари аврупоӣ ва иддаоҳои онҳоро дар мавриди поймолсозии БарҶОМ аз ҷониби Эрон нораво хонд ва ислоҳи рафтори онон дар баробари Эрон ва БарҶОМ-ро хостор шуд.

 Хурӯҷи тадриҷии Эрон аз тааҳҳудоти барҷомӣ, ҳушдори ҷиддӣ ба тарафи аврупоӣ буд, ки дар сурати нодида гирифтани хостаҳои барҳаққи Эрон бояд мунтазири паёмадҳои он низ бошад.

 Аз ин дидгоҳ акнун ду эҳтимол матраҳ аст:  Нахуст ин ки , Аврупо тасмими худ барои фаъол кардани механизми ҳалли ихтилоф дар БарҶОМ "механизми моша "-ро ба ҳолати таъхир дароварад; Чун дар сурати фаъол шудани ин механизм ҳамаи барномаҳо ва умедҳои Аврупо дар баробари БарҶОМ аз байн хоҳад рафт. БарҶОМ фақат як тавофуқи ҳастаӣ дар сатҳи байналмиллалӣ набуд.Ин тавофуқ аз ҷанбаи сиёси як нуқтаи чархишӣ дар таърихи чандҷонибагароӣ буд ва ба унвони як дастоварди байналмиллалӣ матраҳ шуд.Аз инру иҷро нашудани тааҳҳудоти тарафҳои боқимонда дар БарҶОМ, зарба ба чандҷонибагароӣ ва гузар аз дастовардҳои муҳимми дипломосӣ дар чанд даҳаи гузаштааст.

 Эҳтимоли дувум ; Фаъол шудани "механизми моша "аст, ки дар ин сурат тарафҳои БарҶОМ бахусус Аврупо масъули паёмадҳои иқдоми мутақобили Эрон хоҳанд буд.

 Бознигарии Эрон дар баробари ҳамкорӣ бо Ожонс, ки дар баёнияи дирӯзи намояндагони маҷлис мавриди таъкид қарор гирифтро мебоист дар ҳамин чорчуб арзёбӣ кард.

 

Назарҳо