Январ 22, 2020 21:17 Asia/Dushanbe
  • Вазири иртиботот: Партоби моҳвораи “Зафар” қабл аз даҳаи Фаҷр

Моҳвораи “Зафар” қабл аз даҳаи Фаҷр партоб ва аз тариқи расонаи миллӣ иттилоърасонӣ мешавад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Муҳаммадҷавод Озарии Ҷаҳрамӣ дар ҳошияи ҷаласаи имрӯзи ҳайати давлат дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ин моҳвора се маъмурияти тасвирбардорӣ барои истифодаҳои санҷишӣ дар ҳавзаи кишоварзӣ ва буҳронҳои табиӣ, иртибототи мухобиротӣ ва ҷамъоварии иттилооти фазоӣ барои истифодаи мутолеотии донишмандони фазоиро бар уҳда дорад.

Вазири иртиботот гуфт, вазни моҳвора 113 килограмм аст ва дар мадори болои 500 километр қарор мегирад ва ин аввалин боре аст, ки дар ин мадор ҳадафгузорӣ шудааст.

Ҷаҳрамӣ афзуд, моҳворабари ин моҳвора “Симурғ” аст, ки умедворем ба зудӣ дар ҳамин айём битавонем ин моҳвораро партоб кунем, ки дӯстони вазорати дифоъ дар ҳоли кор ҳастанд ва аз тариқи расонаи миллӣ фароянди он иттилоърасонӣ мешавад.

Вай гуфт, ин навъе талоши илмӣ ва тасбити фанноварӣ аст ва ин ки партоб муваффақиятомез бошад, эҳтимолаш бисёр зиёд аст.

 

Назарҳо