Январ 23, 2020 17:40 Asia/Dushanbe
  • Генерал Ҳотамӣ: Силлии Эрон ба Амрико дар “Айнуласад” мондагор хоҳад монд

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, асари силлии сахти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳадаф қарор додани пойгоҳи “Айнуласад” дар таърих мондагор хоҳад монд.

Генерал Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷшанбе дар нахустин ҳамоиши стандарти кайфияти нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломӣ дар Теҳрон гуфт, силлии сахти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳадаф қарор додани пойгоҳи "Айнуласад"-и амрикоиҳо дар болотарин сатҳи стандартҳо ба лиҳози замонӣ, кайфият ва диққати нуқтазании мушакҳо анҷом шуд. Ҳотамӣ бо баёни ин ки посух ба ҷиноёти Амрико мутолиба ва дархости умумии миллати Эрон буд, тасреҳ кард, имрӯз Ҷумҳурии Исломии Эрон тамоми муаллафаҳои қудрат ва иродаи лозим ҷиҳати посух ба ҳар мутаҷовизеро дорад ва ҳар таҳдидеро дар ҳар сатҳ бо таслиҳоти дифоии бокайфият посух хоҳад дод.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар посух ба иқдоми ҷинояткорона ва террористии нерӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ дар террори сардор Қосими Сулаймонӣ ҳаштуми январ бо даҳҳо мушак пойгоҳҳои Амрико дар устонҳои Аланбор ва Ирбил Ироқро ҳадаф қарор дод. Сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, ки сеюми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноиби раиси Басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.

 

Назарҳо