Январ 24, 2020 16:11 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Таҳдид ба террори сардор Қоонӣ - пардабардорӣ аз терроризми давлатии Амрикост

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳороти вақеҳонаи раиси Гурӯҳи иқдоми Эрон дар Вазорати умури хориҷаи Амрикоро дар хусуси таҳдид ба террори фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ маҳкум кард.

Браян Ҳук, раиси Гурӯҳи иқдоми Эрон дар Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Аш-Шарқ-ул-авсат” дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар Давоси Швейтсария дар изҳороте густохона гуфт, сардори сартип Исмоили Қоонӣ, ки ҷонишини сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ дар нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шудааст, чунончӣ роҳи вайро дар пеш гирад, ба сарнавишти мушобеҳе дучор хоҳад шуд.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, суханони ин мақоми Вазорати умури хориҷаи Амрико ошкорсозии расмӣ ва пардабардории ошкор аз терроризми ҳадафманд ва давлатии ин кишвар аст.

Мусавӣ гуфт, пас аз режими саҳюнистӣ, Амрико дувумин режиме аст, ки расман эълом мекунад, имконоти давлат ва нерӯҳои мусаллаҳи худро барои иқдомоти террористӣ ба кор гирифтааст ва дар оянда низ ин равишро идома хоҳад дод.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯйоварии режими Амрико ба иқдомоти террористиро нишонаи заъфу сардаргумии мақомоти ин режим донист ва аз аъзои ҷомеаи байналмилалӣ хост, ин иқдомот ва ташвиқ ба терроризми давлатиро маҳкум кунанд, зеро идомаи ин раванд дер ё зуд гиребонгири ҳамагон хоҳад шуд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки севуми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар наздики фурудгоҳи Бағдод Ироқ ба шаҳодат расид.

Ин ҷинояти Амрико бо маҳкумияти густурдаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд.

 

Назарҳо