Январ 24, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Амалиёти Эрон қудрати низомии Амрикоро фурӯ рехт

Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои артиши ишғолгари Амрико дар хоки Ироқ, қудрати низомии Амрикоро фурӯ рехт.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммадҳасани Абутуробифард бо ишора ба ҳузури густурдаи мардуми инқилобӣ ва мусулмони Теҳрон дар маросими намози ҷумъаи ҳафта гузашта, бо ҳузури мақоми муаззами раҳбарӣ гуфт, миллати Эрон бори дигар бо ҳузури баёдмондании худ дар ин меъодгоҳ, пайванди устувор ва муҳками хешро бо Раҳбари инқилоб, ормонҳои баланди имом ва шуҳадо фарёд заданд.

Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба дасти низомиёни террористи амрикоӣ оғозе бар поёни номашрӯи ҳузури Амрико дар минтақа аст ва акнун ҳампаймонони Вашингтон худро дар минтақа дар маърази фурӯпошӣ мебинанд.

Абутуробифард бо ишора ба ҳузури миллионии мардуми Ироқ дар роҳпаймоии имрӯз барои ибрози нафрат аз ҳузури Амрико дар кишварашон гуфт, мардуми қаҳрамони Ироқ бо ин роҳпаймоии азим явмуллоҳеро халқ карданд ва дар канори миллатҳои мусулмони минтақа фарёди марг бар Амрико сар доданд.

Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бар лузуми ваҳдати миллатҳои мусулмони минтақа барои муқобила бо тавтеаҳои Амрико таъкид кард.

 

 

Барчасп

Назарҳо