Январ 25, 2020 17:30 Asia/Dushanbe
  • Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба панҷоҳу чаҳорумин Нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар панҷоҳу чаҳорумин Нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо таъкид карданд, имсол нишасти шумо дар миёнаи ҳодисаҳои муҳиме баргузор мешавад, ки ҳар як аз ҷиҳате нишонаи азамат ва эътибори Эрони исломӣ ва миллати инқилобии он аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин паём, ки рӯзи шанбе дар Вена қароат шуд афзуданд, шаҳодатҳо, қудратнамоиҳои низомӣ, ҳузури беназири мардумӣ, руҳияи қавӣ ва азми ҷавонон, дар канори ҳазорон маҷмуаи фаол дар арсаи дониш ва технологӣ ва низ руйкарди динӣ ва маънавӣ дар бахши азиме аз ҷавонони саросари Эрон ҳама аз сар бар овардани як падидаи якто дар ҷаҳони имрӯз хабар медиҳад; падидае, ки метавонад дар ояндаи таърих таъсироти амиқ ва тайинкунанда бигузорад. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки гоми дуввуми инқилоби исломӣ бояд битавонад ин падидаро ба камол бирасонад ва ба самар бинишонад тасреҳ карданд, чашми умед ва интизор дар ин пуйиши ҳаётӣ ба ҷавонони донишманд ва фарзона ва бо имон аст ва шумо метавонед дар шумори ин баргузидагони таърихсоз бошед. Панҷоҳу чаҳорумин Нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо рӯзи шанбе дар Вена  пойтахти Австрия оғоз ба кор кард.

Назарҳо