Январ 25, 2020 19:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдардии Зариф бо вазири умури хориҷаи Туркия дар пайи вуқуи зилзила дар ин кишвар

Вазири умури хориҷаи Эрон дар пайи вуқуи зилзила дар шарқи Туркия бо давлат ва миллати ин кишвар ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, заминларзае ба бузургии 6 аз даҳ 8 рихтер шомгоҳи ҷумъа минтақаҳои шарқии Туркияро ларзонд.

Ин заминларза то кунун 19 кутша ва 772 захмӣ ва 30 гумшуда бар ҷой гузоштааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Мавлуд Човуш Уғлӯ вазири умури хориҷаи Туркия бо таслият ба бозмондагони ҷонбохтагони заминларза дар ин кишвар, омодагии Ҷумҳурии исломии Эронро барои ирсоли кумакҳои мавриди ниёзи зилзилазадагон эълом кард.

Вазири умури хориҷаи Туркия ҳам аз ибрози ҳамдардии давлат ва миллати Эрон қадрдонӣ кард.

Назарҳо