Феврал 12, 2020 18:52 Asia/Dushanbe
  • Амрикоиҳо , ҷойгоҳ ва аззамати миллати Эронро дар 41 соли гузашта дарк накарданд

Дар чилуякумин солгарди Инқилоби исломӣ ; миллионҳо нафар аз мардуми Эрон дар шаҳрҳои мухталиф бо ҳузур дар роҳпаймои 22 баҳман бар истодагӣ ва муқовимат дар баробари тавтиаҳои истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрико таъкид карданд.

41 соли пеш дар 22 баҳмани ,57 миллати бузурги Эрон бо иродаи муҳкам ва бе иттико ба ҳеҷ қудрат ва абарқудрате Инқилоби шукӯҳманди исломиро ба пирӯзӣ расонданд. Миллати Эрон дар ҳамаи ин солҳо бо душманони қасамхурда ва сарсахте мувоҷаҳ будааст ; аммо иллати душманиҳо бо ин Инқилоб ва низом бархоста аз чист ? чаро ин хусуматварзиҳо нуқтаи поён ва тавақуфе надорад ?

Боризтарин иллати ин хусуматварзиро метавон дар таъсиргузор будани ин Инқилоб дар фаротар аз марзҳои Эрон донист. Инқилоби исломӣ дар ҳақиқат аз ҳамон ибтидои пирӯзиаш ба улгуи умедбахш барои раҳоии миллатҳои таҳти ситам аз низоми султа табдил шуд. Аз ин рӯ мушахас буд,ки пирӯзии бузурги миллати Эрон ва берӯнрондани абарқудрати Амрико аз ин сарзамин барои қудрате , чун Амрико ғайри қобили таҳамул бошад.

Рӯҳонӣ дар бахше аз суханоонии худ гуфт ; Роҳ ва масири мо барои пешрафт ва таъолии ин кишвар аст ва лизо шумо мебинед ин душманӣ ва кинатузӣ дар тули 41 соли гузашта ба  шаклҳои мухталиф зуҳур ва буруз пайдо кард, аммо роҳи Инқилоб , ҳамон роҳи рӯзи аввал аст. Раиси ҷумҳурии исломии Эрон ба дурусти гуфт ; ончи Инқилобро истеҳком бахшидааст, ҳузури мардум ва райи мардум аст.

Амрикоиҳо аз ибтидои пирӯзии Инқилоби исломӣ, дучори муҳосиботи ғалат ва иштибоҳ буданд. Иллати ин муҳосиботи ғалат дар ду омил нуҳуфтааст.

Нахуст он,ки аносир ва боварҳои динӣ ва маънавӣ ҷое дар ин муҳосибот надоранд.

Дуввум он,ки Душманон то кунун мувафақ ба шинохти дурусти мардуми Эрон нашудаанд.

Муҳосиботи ғалат ва иштибоҳ метавонад як нерӯйи бузургро дучори нокомӣ ва шикаст кунад. 41 сол истодагии миллати Эрон дар муқобили Амрико низ хориҷ аз ин қоида ва чорчуб нест.

Ончи Амрико аз дарки он нотавон аст, ин аст,ки ҷойгоҳ ва аззамати миллати Эронро дар 41 соли гузашта дарк накард.

Назарҳо