Феврал 13, 2020 19:23 Asia/Dushanbe
  • Мушовири Путин: Ҳеҷ кас баробар бо генерал Сулаймонӣ нест, ки битавон аз ӯ интиқом гирифт

Мушовири аршади раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳамаи мо аз шаҳодати генерал Қосими Сулаймониӣ мутаассир шудем, аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ҳеҷ шахсе тирози инсонӣ ва низомияш дар ҳадди генерал Сулаймонӣ нест, ки битавон аз ӯ интиқом гирифт.

Александр Дугин, назарияпардози фалсафаи сиёсии рус ва мушовири Владимир Путин, дар нишасти байналмилалии мактаби муқовимат дар Қум дар маркази Эрон гуфт, мо дар мувоҷиҳа бо ҷаҳони модерни ғарбӣ ҳастем, ки пеш аз онки як тамаддуни низомӣ бошад, як идея ва нигоҳи бунёдӣ ва табъан сабки зиндагӣ аст.

Вай гуфт, идеяи муосири ғарбӣ идеяи зиндагии фоқиди ҳузури Худо аст, ки имрӯза таҳти унвони ҷаҳонисозӣ дар ҳоли густариш аст.

Дугин бо табйини маънои муқовимат гуфт, умқи муқовимати миллатҳо ва бародарони эронӣ, рус, Ҳизбуллоҳи Лубнон, сурӣ ва фаластинӣ ва яманӣ ва ироқии мо дар баробари чунин идея ва нигоҳе нисбат ба муосир аст. Ҳамаи мо бо тамкин аз мазҳаб ва дини худамон ва пофишорӣ бар он дарсададем ва метавонем, ки дар асри тарвиҷи зиндагии бе Худо, бар ҳузури Худо пой бифишорем.

Вай гуфт, ҳамаи мо аз шаҳодати генерал Қосими Сулаймонӣ бисёр мутаассир шудем, аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки аввалан ҳеҷ шахсе  тирози инсонӣ ва низомияш дар ҳадди генерал Сулаймонӣ дар миёни душманон нест, ки аз ӯ интиқом бигирем ва сониян, генерал Сулаймонӣ, кор ва шуғлаш сарбозӣ набуд, балки ӯ зиндагӣ ва ақидаашро дар матни сарбозӣ сарф кард.

 

Барчасп

Назарҳо