Феврал 14, 2020 17:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ: Тарҳи “Муомилаи қарн” як расвоӣ барои Трамп аст

Хатиби намози ҷумъа Теҳрон тарҳи “Муомилаи қарн”-ро як ифтизоҳ ва расвоӣ барои раисҷумҳури Амрико донист.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои ибодӣ ва сиёсии намози имрӯзи ҷумъаи Теҳрон афзуд, тарҳи “Муомилаи қарн” дар дунёи Ислом як хезиш ва инқилоби ҷадид ба по кардааст, ки мӯҷиб мешавад ҳадафи шуми ин тарҳи амрикоӣ - саҳюнистӣ ба натиҷа нарасад.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон таъкид кард, тарҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури беобрӯи Амрико, ки хонаҳои мардуми Фаластинро дар қолаби тарҳи “Муомилаи қарн” базлу бахшиш мекунад, аз ҳамакнун шикаст хӯрдааст.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар бахши дигаре аз суханонаш ба интихоботи ояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ишора кард ва гуфт, маҷлиси ёздаҳум бояд дар тарози мардум ва хуни сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шакл гирад ва мардум ба касоне раъй надиҳанд, ки ба хориҷиҳо дил бастаанд.

21 феврали соли 2020 интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон баргузор мешавад.

 

 

Барчасп

Назарҳо