Феврал 14, 2020 17:39 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Эрон бо нахуствазири Канада

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар ҳошияи конфронси амниятии Мюнхен дар Олмон бо нахуствазири Канада дидору гуфтугӯ кард.

Дар дидори Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон бо Ҷостин Трудо, нахуствазири Канада, ду тараф дар бораи равобити дуҷониба ва масоили мавриди алоқа ройзанӣ карданд.

Зариф ҳамчунин пеш аз оғози иҷлоси Мюнхен бо Франсуа Филип  Шомпони, ҳамтои канадаии худ дидору гуфтугӯ кард.

Панҷоҳу шашумин конфронси амниятии Мюнхен бо ҳузури мақомоти кишварҳои ҷаҳон имрӯз - ҷумъа оғоз шуд ва то рӯзи якшанбе идома хоҳад дошт.

 

Назарҳо