Феврал 14, 2020 21:33 Asia/Dushanbe
  • Сардор Ҳоҷизода: Кишварҳои исломӣ бояд барои ихроҷи Амрико аз минтақа муттаҳид шаванд

Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, ҳамаи кишварҳои исломӣ ва меҳвари муқовимат бояд барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа муттаҳид шаванд.

Сардор Амиралии Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи “Алмасира”-и Яман таъкид кард, имрӯз меҳвари муқовимат фақат Эрон нест, балки доманаи меҳвари муқовимат аз дарёи Сурх то дарёи Медитарона ва аз ҷунбиши Ансороллоҳи Яман то Ҳизбуллоҳи Лубнон имтидод дорад.

Сардор Ҳоҷизода дар бораи талафоти низомиёни амрикоӣ дар пойгоҳи “Айнуласад”-и Ироқ гуфт, адами эътирофи давлати Амрико ба куштаҳои “Айнуласад” нишондиҳандаи хории масъулони амрикоӣ аст.

Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба эътирофи амрикоиҳо ба зарбаи мағзии низомиёни Амрико бар асари ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба пойгоҳи “Айнуласад” гуфт, Вашингтон дар оянда ба кушта шудани сарбозоне эътироф хоҳад кард, ки акнун муддаӣ аст зарбаи мағзӣ шудаанд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар посух ба ҷинояти артиши Амрико дар террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳ ва ҳамроҳонаш дар фурудгоҳи Бағдод, 8 январ бо 13 фарванд мушак пойгоҳи низомиёни амрикоии “Айнуласад”-ро дар устони Аланбор, дар ғарби Ироқ ҳадаф қарор дод.

 

 

 

 

Барчасп

Назарҳо