Феврал 14, 2020 22:29 Asia/Dushanbe
  • Валодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) муборак бод

Фардо - шанбе, 20 ҷимодиюссонии соли 1441-и қамарӣ, мутобиқ бо 15 феврали 2020, хуҷастасолрӯзи валодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) духти паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духти гиромии паёмбари Ислом (с) бистуми ҷимодиюссонии соли ҳаштум, қабл аз ҳиҷрат ба дунё омаданд.

Ин бонуи гиромӣ аз кӯдакӣ дар хонаи ваҳй, бо роҳнамоиҳои падарашон - паёмбари гиромии Ислом (с) ба олитарин маротиби камол ва илму фазилат даст ёфтанд.

Духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамчунин дар конуни гарму босафои хонаи Имом Алӣ (а), ба беҳтарин ваҷҳ ба анҷоми вазоифи ҳамсарӣ ва модарӣ пардохтанд ва инсонҳои бузург ва ворастаае ҳамчун Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Зайнаб (с)-ро дар домони худ парвариш доданд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар ҳамаи абъод улгӯи занони ҷаҳон ба шумор мераванд ва рӯзи таваллуди эшон дар Эрон, ки мусодиф бо солрӯзи таваллуди ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори ҷумҳурии исломӣ аст, ба унвони рӯзи Модар ва Зан номгузорӣ шудааст ва дар ин рӯз аз мақоми занон, ба вижа модарон таҷлил мешавад.

Ба ҳамин муносибат Эрони исломӣ дар шаби мелоди бонуи ду олам, духти расули мукаррами Ислом (с), Сиддиқаи Тоҳира - ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) саросар ҷашну шодӣ аст.

Манотиқи мухталифи Эрон, ба вижа шаҳрҳои муқаддаси Қум ва Машҳад ҳолу ҳавои дигаре дорад ва шефтагону иродтмандони хонадони исмат ва таҳорат (а) бо чароғонӣ ва озинбандии хиёбонҳо ва гузаргоҳҳо ва барпоии ҷашну сурур, ин мелоди хуҷастаро ҷашн мегиранд.

 

 

Назарҳо