Феврал 15, 2020 12:18 Asia/Dushanbe
  • Зариф ; Амрико бо ҷаҳолат ва иттилооти ғалат , ғарби Осиёро то остонаи ҷанг пеш бурд

Вазири хориҷаи Эрон гуфт ; Амрико бо ҷаҳолат ва иттилооти ғалат , ғарби Осиёро то остонаи ҷанг пеш бурд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири хориҷаи Эрон бомдоди шанбе дар ҳошияи Канфронси амниятии Мюнхен дар гуфтугу бо шабакаи телевезиёнии  NBC  Амрико , бо баёни ин,ки Майк Пампео вазири умури хориҷаи Амрико дар моҳи январ ва дар авҷи буҳрони терор ва шаҳодати сардор Сулаймонӣ, номаи номуносиб ба Эрон ирсол кард., афзуд ; номаи Помпео пур аз таҳдидҳое  буд ,ки Теҳрон низ посухи муҳкаме ба Ӯ дод . Зариф бо сарзаниш кардани давлати Амрико ба далели шуруъ кардани буҳрон бо Эрон , поёни онро мманут ба ақибнишинии Трамп донист ва тасриҳ кард ; Амрико масули оқибатҳои иқдомҳои худ аст. Вазири умури хориҷаи Эрон бо такзиби иддаъои Амрико бинобар  кантроли Теҳрон бар гурӯҳҳои муқовимати ироқӣ ё лубнонӣ, афзуд ; сардор Сулаймонӣ, пеш аз терор ва шаҳид шудан,дар талош буд танишҳоро дар Ироқ  коҳиш диҳад. Зариф ҳамчунин шомгоҳи ҷумъа дар ҳошияи Канфронси амниятии Мюнхен дар гуфтугу бо хабарнигорон гуфт ; дар сурате,ки Аврупо ба таъаҳудҳои БАРҶОМИИ худ амал кунад, Эрон низ аз раванди коҳиши таъаҳудоти худ, боз хоҳад гашт. Вазири умури хориҷаи Эрон,ки барои ширкат дар Иҷлоси амниятии Мюнхен ба Олмон сафар кардааст, дар ҳошияи ин иҷлос бо вазирони умури хориҷаи Кровосӣ, Уммон, Чин , Финландия , ҷумҳурии Чех, Ватикан, Канада , аъзои Созмони Илдерс The Elders ( риш сафедон ) ва нахуствазири Канада низ дидор ва гуфтугу кард.

Назарҳо