Феврал 16, 2020 15:30 Asia/Dushanbe
  • Номи Марями Мирзохонӣ дар байни 7 донишманди зани таъсиргузор дар ҷаҳон

Созмони Миллал ҳамзамон бо рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарони донишманд зиндаёд Марями Мирзохонӣ бонуи риёзидони эрониро ба унвони яке аз ҳафт зани донишманди таъсиргузор дар ҷаҳон муаррифӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, ниҳоди занони Созмони Миллал, ки дар заминаи тавонмандсозии занон дар ҷаҳон талош мекунад ҳафтуми феврал ба муносибати рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарони донишманд дар ҳавзаҳои илм, технологӣ, муҳандисӣ ва риёзиёт ба муаррифии донишмандони зани таъсиргузор дар ҷаҳон пардохт ва Марями Мирзохонӣ, зани эронии барандаи медали Филдзро ба унвони яке аз ҳафт зани донишманди таъсиргузор дар ҷаҳон муаррифӣ кард.

Ниҳоди занони Созмони Миллал дар тавсифи Марями Мирзохонӣ навишт, Марями Мирзохонӣ вақте, ки дар Теҳрон бузург мешуд, орзу дошт як нависанда шавад ва ин орзу то солҳои таҳсилоти умумӣ ва пеш аз инки истеъдодашро барои риёзиёт кашф кунад идома дошт, аммо риёзиёт халлоқият ва истеъдоди вайро то охири умр ба худ ҷалб кард.

Марями Мирзохонӣ дар соли 1994 ба унвони аввалин хонандаи мактаби духтари эронӣ интихоб шуд, ки дар Олемпиадаи байналмиллалии риёзӣ медали тилло гирифт ва аз 42 имтиёз 41 имтиёзро бадаст овард ва дар соли 2015 низ бо касби имтиёзи олӣ баранда шуд.

Вай дипломи сурхи худро аз донишгоҳи Гарвард бадаст овард ва андешманде барҷаста дар заминаи динамик ва геометрияи сатҳҳои печида буд.

Дар соли 2014 ӯ аввалин зани ҷаҳон буд, ки медали Филдз муътабартарин ҷоиза дар риёзиётро аз они худ кард.

Ҳарчанд Марями Мирзохонӣ дар соли 2017 бар асари ибтило ба саратон даргузашт, аммо кумакҳои зиёди ӯ ба ҳавзаи риёзиёт мондагор шуда ва фаолиятҳои ӯ роҳро барои бисёре аз занони риёзидон дар оянда ҳамвор кардааст.

Барчасп

Назарҳо