Феврал 17, 2020 14:13 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: сарони ҷаҳон мабҳути истодагии миллати Эрон ҳастанд

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба тавтеаҳои душманон барои мутаваққиф кардани раванди пешрафти Эрон гуфт, сарони кишварҳои мухталиф ҳамвора аз истодагии миллати Эрон дар баробари фишорҳои душманон тамҷид мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз душанбе дар ойини поёнии сею севвумин ҷашнвораи байналмиллалии Хоразмӣ ва таҷлил аз баргузидагони ин ҷашнвора дар Теҳрон афзуд, ҳамаи сарони ғарбӣ ва аврупоӣ барояшон ҷойи шигифтӣ ва тааҷҷуб аст, ки миллати Эрон дар баробари ҳамаи фишор, истодагӣ ва муқовимат ва дар илму дониш пешрафт мекунад.

Руҳонӣ бо ишора ба пешрафтҳои Эрон дар заминаҳои мухталиф афзуд, замоне, ки мутахассисони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ пас аз коҳиши тааҳудоти барҷомии Теҳрон ва иқдоми Эрон дар аз саргирии фаолиятҳо аз марказҳои ҳастаӣ боздид карданд, аз суръати пешрафти Эрон дар тавлиди сантерфиюжи нав ибрози тааҷҷуб карданд.

Раиси ҷумҳурии Эрон ба пешрафтҳои Эрон дар ҳаво ва фазо низ ишора кард ва гуфт, Эрон қадамҳои хубе дар ин замина бардоштааст ва ба раванди таҳқиқотии худ идома медиҳад.

Барчасп

Назарҳо