Феврал 18, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Танҳо роҳи ноумедии душманон қавӣ шудани Эрон аст (хабари такмилшуда)

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, танҳо роҳи ноумедии душманон қавӣ шудани Эрон аст ва яке аз нишонаҳои Эрони қавӣ маҷлиси қавӣ аст, ки битавонад бо тасвиби қонунҳои лозим ва ҳидояти давлатҳо ба масири матлуб кишварро масуният бахшад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи сешанбе дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми устони Озарбойҷони Шарқӣ (шимолу ғарби Эрон) бо таъкид бар ин ки чашми дӯстон ва душманон ба интихоботи 21 феврал аст, афзуданд, ҳузур дар интихобот вазифаи шаръӣ, миллӣ, инқилобӣ ва ҳаққи мадании ҳамаи мардум аст. Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба ду рукни муҳим - ҳузури пуршӯр ва интихоби хуб гуфтанд, интихобот як ҷиҳоди умумӣ ва неъмату имтиҳони илоҳӣ аст, ки агар бо ҳузури ҳаддиаксарии мардум ҳамроҳ шавад, мояи обрӯи низоми исломӣ ва тақвияти кишвар ва масуниятбахш дар баробари тавтеаҳо ва заминасози Эрони қавӣ хоҳад буд. Эшон ба гузорише дар бораи пардохти маболиғи зиёди доллари нафтӣ аз ҷониби яке аз кишварҳои душмани Эрон дар минтақа ба яке аз расонаҳои англисии форсизабон барои мунсариф кардани мардуми Эрон аз гароиш ба афроди инқилобӣ дар интихобот ишора карданд ва афзуданд, ин гузориш нишон медиҳад, кайфият ва чигунагии интихоб то чӣ ҳад муҳим аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонашон дар бораи ёвагӯиҳои ахири мақомҳои амрикоӣ дар бораи Эрон ва интихобот гуфтанд, Амрико мехост бо террори сардор Сулаймонӣ, ки таъсироти амиқе дар минтақа дошт, бар минтақа мусаллат шавад, аммо моҷаро баръакс шуд ва роҳпаймоии бузурги зиддиамрикоӣ дар Бағдод масоили Сурия, Ҳалаб ва қазияҳои дигари минтақа нуқтаи муқобили хости онҳоро рақам зад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар ин ки душман на фақат дар моҷарои террори сардор Сулаймонӣ, балки дар як набарди 40-сола доиман аз миллати Эрон зарба ва шикаст хӯрдааст, афзуданд, амрикоиҳо дар ин 40 сол ҳама силоҳҳои сиёсӣ, низомӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, расонаӣ ва ҳар иқдоми мумкинро барои соқит кардани низоми исломӣ ба кор гирифтанд, аммо низоми исломӣ на танҳо соқит нашуд, балки ҳазор баробар қавитар ва дар муқобил Амрико заифтар аз қабл шудааст. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар баёни заъфи рӯзафзуни Амрико зоҳири феълии онро ороишӣ хонданд ва гуфтанд, имрӯз Амрико бо 22 триллион доллар қарз қарздортарин давлати дунёст ва ихтилофи табақотӣ дар ин кишвар ваҳшатнок ва аз ҳамеша бештар аст. Эшон бо ишора ба омору воқеиятҳои такондиҳанда аз табъиз, фосилаи табақотӣ, фақру ҷиноят дар Амрико, ки монанди хӯра (ҷузом) ба ҷони ин кишвар афтодааст, таъкид карданд, ҳамчунон ки шукӯҳу ҷалоли киштии маъруфи “Титаник” монеъ аз ғарқ шудани он нашавад, талош барои ороиши зоҳири Амрико ва шукӯҳу ҷалоли он низ монеъ аз ғарқ шуданаш нест ва Амрико ғарқ хоҳад шуд.

 

Барчасп

Назарҳо